Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2025, № 910 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 майи соли 2008, № 457"

Санаи амалкуни: 07.01.2025

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 майи соли 2008, № 457

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» фармон медиҳам:

Ба замимаи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 майи соли 2008, № 457 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи адои хизмат дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйироти зерин ворид карда шавад:

1) дар банди 15:

- ҷумлаи дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Директори Агентӣ сардорони раёсат ва шуъбаҳои мустақили дастгоҳи марказӣ, сардорони раёсатҳои Агентӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои минтақаҳои Бохтар, Кӯлоб, Рашт ва сардорони шуъбаҳои минтақавии Агентиро дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.»;

- дар ҷумлаи сеюм калимаҳои «вилоятҳо, шаҳри Душанбе» ба калимаҳои «вилояти Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои минтақаҳои Бохтар, Кӯлоб, Рашт» иваз карда шаванд;

2) дар ҷумлаҳои сеюм ва чоруми банди 32 калимаҳои «вилоятҳо, шаҳри Душанбе» ба калимаҳои «вилояти Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои минтақаҳои Бохтар, Кӯлоб, Рашт» иваз карда шаванд;

3) сатрҳои 2, 3 ва 4 ҷадвали банди 53 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:


«

2

...

УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений в указ Президента Республики Таджикистан от 13 мая 2008 года, №457

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» постановляю:

Внести в приложение к указу Президента Республики Таджикистан от 13 мая 2008 года, №457 «Об утверждении Положения о службе в правоохранительных подразделениях Агентства по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан» следующие изменения:

1) в пункте 15:

- второе предложение изложить в следующей редакции:

«Директор Агентства назначает на должность и освобождает от должности начальников управлений и самостоятельных отделов центрального аппарата, начальников управлений Агентства по Горно-Бадахшанской автономной области, Согдийской области, городу Душанбе, городам и районам Бохтарского, Кулябского и Раштского регионов и начальников региональных отделов Агентства по согласованию с Президентом Республики Таджикистан.»;

- в третьем предложении слова «областям, городу Душанбе» заменить на слова «Согдийской области, городу Душанбе, городам и районам Бохтарского, Кулябского и Раштского регионов;

2) в третьем и четвертом предложениях пункта 32 слова «области, город Душанбе» заменить словами «Согдийской области, городу Душанбе, городам и районам Бохтарского, Кулябского и Раштского регионов;

3) строки 2, 3 и 4 таблицы пункта 53 изложить в следующей редакции:


2

Генерал - майор антикорупционный службы или генерал – майор юстиции

Первый заместитель и заместители директора Агентства,

...