ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007, №143
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» фармон медиҳам:
Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007, №143 «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
«- сардорони раёсат ва шуъбаҳои мустақили дастгоҳи марказӣ, сардорони раёсатҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои минтақаҳои Бохтар, Кӯлоб, Рашт ва сардорони шуъбаҳои минтақавии Агентиро дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- дар доираи ваколатҳои худ кормандони Агентиро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рутбаҳои махсус то рутбаи полковник, инчунин пеш аз муҳлат ва як зина боло ва унвонҳои махсуси дахлдор сарфароз мегардонад. Сарфарозгардонии кормандони Агентиро бо рутбаи махсуси полковники адлия ва рутбаи полковники хадамоти зиддикоррупсионӣ дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад;»;
- банди 14 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«14. Раёсати чорабиниҳои оперативӣ ва супоришҳои махсус»;
- банди 18 хориҷ карда шавад;
- дар банди 21 калимаи «Бахши» ба калимаи «Шуъбаи» иваз карда шавад;
- бандҳои 19, 20, 21 ва 22 мувофиқан бандҳои 18, 19, 20 ва 21 ҳисобида шаванд;
4. бандҳои 3, 4, 5, 6 ва 7 замимаи 3 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
3. Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд
4. Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе
5. Раёсати Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар
...