ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ НАФАҚАҲОИ СУҒУРТАВӢ ВА ДАВЛАТӢ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2010 "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, №1, мод.19) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Қисми 3 моддаи 13 хориҷ карда шуда, қисми 4 қисми 3 ҳисобида шавад.
2. Дар қисмҳои 1, 2, 6 ва 7 моддаи 18 рақами "2011" ба рақами "2013" иваз карда шавад.
3. Моддаи 53 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 53. Таъминоти нафақавии касбӣ
1. Бо мақсади таъминоти нафақавии касбии шахсоне, ки рӯзи пурраи корӣ ба корҳои зеризаминӣ, корҳои дорои шароити махсусан зарарнок ва махсусан вазнин, зарарноку вазнин, инчунин ба корҳои дорои шароити махсуси меҳнат машғул мебошанд, корфармо ӯҳдадор аст, ки дар давраи иҷрои чунин корҳо пардохти саҳмҳоро барои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ то таъини нафақаи касбӣ таъмин намояд. Шартҳо ва тартиби суғуртаи ҳатмии нафақавии касбиро қонун муайян менамояд.
2. Тартиби таъминоти нафақавии касбӣ ва таъини нафақаҳои касбӣ, рӯйхати истеҳсолот, корҳо, касбҳо, вазифаҳо ва нишондиҳандаҳои корҳои зеризаминӣ, корҳои дорои шароити махсусан зарарнок ва махсусан вазнин, зарарноку вазнин, инчунин номгӯи корҳо ва касбҳои дорои шароити махсуси меҳнатро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.".
4. Дар моддаи 59:
- дар қисми 3 рақамҳои "1952", "1957", "2011" ва "2015" мутаносибан ба рақамҳои "1954", "1959", "2013" ва "2017" иваз карда шаванд;
- дар қисми 6 рақамҳои "1952" ва "1957" мутаносибан ба рақамҳои "1954" ва "1959" иваз карда шаванд.
5. Дар моддаи 62 рақами "2011" ба рақами "2013" иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2011 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
...