(бо Кодекси экологии ҶТ аз 21.10.2026 № 2299 аз эътибор соқит дониста шуд)
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МОНИТОРИНГИ ЭКОЛОГӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №3, мод. 174)
(Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1120, аз 13.11.2024 № 2097)
Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии таъмини мониторинги экологиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд ва муносибатҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандонро дар ин соҳа ба танзим медарорад .
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- таъсири антропогенӣ - маҷмуи таъсиррасонии мустақим ва ғайримустақими фаъолияти инсон ба муҳити зист (№ 2097);
- ифлосшавии муҳити зист - дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ ё дигар намуди фаъолияти инсон ба миқдори (консентратсияи) аз андозаи миёнаи бисёрсолаи табиӣ зиёд (дар ҳудуди тағйирёбии интиҳоӣ) ба муҳити зист овардан ё дар он пайдо шудани унсурҳои физикӣ, кимиёвӣ ва биологие, ки одатан ба он хос нестанд;
- таъмини амнияти экологӣ - маҷмуи тадбирҳо оид ба пешгирии пайдоиш ва густариши ҳолатҳои хатарноки экологӣ ва рафъи оқибатҳои онҳо (№ 2097);
- муҳити зист - маҷмуи ҷузъҳои табиат (ҳавои атмосфера, об, хок, қаъри замин, олами наботот ва ҳайвонот) ва ландшафт, ёдгориҳои табиӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва дигар объектҳои моддӣ, ки ба сифати ҳаёт, шароити фаъолият ва вазъи саломатии инсон ва (ё) амали мутақобилаи ин ҷузъҳо таъсир мерасонанд (№ 2097);
- ҳифзи муҳити зист - маҷмуи тадбирҳои байналмилалӣ, давлатӣ ва минтақавӣ, маъмурию хоҷагидорӣ, ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, технологӣ ва ҷамъиятӣ, ки ба ҳифз, истифодаи оқилона ва барқарорсозии муҳити зист равона карда шудаанд (№ 2097);
...