Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2010 № 650 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ. 1, мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321; №9 - 10, мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2,’ мод. 5; №3, мод. 153; №7, мод. 547) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар қисми 4 моддаи 47 калимаҳои "боздошти маъмурӣ" ба калимаҳои "дастгиркунии маъмурӣ" иваз карда шаванд.

2. Ба диспозитсияи моддаи 52 пас аз калимаҳои "Мӯҳлати ҳабси маъмурӣ бо" калимаи "соат," илова карда шавад.

3. Ба Кодекс моддаҳои 463(1), 463(2) ва 463(3) бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"Моддаи 463 (1). Фурӯши сигарета, сигара, папирос ва дигар маҳсулоти тамоку дар ҳудуд ва назди муассисаҳои тандурустӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, таълимӣ, инчунин бо истифода аз таҷҳизоти автоматӣ

1. Барои фурӯши сигарета, сигара, папирос ва дигар маҳсулоти тамоку дар ҳудуд ва назди муассисаҳои тандурустӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, таълимӣ, инчунин дар масофаи камтар аз сад метр аз сарҳади ҳудуди муассисаҳои таълимӣ,

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

2. Барои фурӯши сигарета, сигара, папирос ва дигар маҳсулоти тамоку бо истифода аз таҷҳизоти автоматӣ

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз яксаду панҷоҳ то дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Моддаи 463(2). Фурӯши сигарета, сигара, папирос ва дигар маҳсулоти тамоку ба ноболиғон

Барои фурӯши сигарета, сигара, папирос ва дигар маҳсулоти тамоку ба ноболиғон,

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Моддаи 463(3). Манъи нстеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи маҳсулоти тамокуе, ки дар таркибаш никотин ва қатрон аз меъёрҳои гигиении тасдиқгардида зиёд мебошад, инчунин дар бастаи онҳо мавҷуд набудани навиштаҷоти огоҳкунандаи асосӣ ва иловагӣ оид ба зарари кашидани тамоку

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях

Статья 1. Внести в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях, принятый Законом Республики Таджикистан от 31 декабря 2008 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008 г., №12, ч. 1 ст. 990; 2009 г., №5, ст. 321, №9-10 ст. 543; 2010 г., №1, ст. 2, ст.5, №3, ст. 153, №7, ст. 547), следующие изменения и дополнения:

1. Диспозицию статьи 52 после слова "исчисляется" дополнить словом "часами,".

2. Кодекс дополнить статьями 463(1), 463(2) и 463(3) следующего содержания:

"Статья 463 (1) Продажа сигарет, сигар, папирос и других табачных изделий на территории и вблизи учреждений здравоохранения, культуры, физкультурно-спортивных и образовательных учреждений, а также с использованием автоматов

1. Продажа сигарет, сигар, папирос и других табачных изделий на территории и вблизи учреждений здравоохранения, культуры, физкультурноспортивных и образовательных учреждений, а также на расстоянии менее чем сто метров от границ территорий образовательных учреждений,

влечет наложение штрафа на физических лиц в размере от трех до пяти показателей для расчетов и на юридические лица в размере от ста до двухсот показателей для расчетов.

2. Продажа сигарет, сигар, папирос и других табачных изделий с использованием автоматов

влечет наложение штрафа на физических лиц в размере от пяти до семи показателей для расчетов и на юридические лица в размере от ста пятидесяти до двухсот пятидесяти показателей для расчетов.

Статья 463(2). Продажа сигарет, сигар, папирос и других табачных изделий несовершеннолетним

Продажа сигарет, сигар, папирос и других табачных изделий несовершеннолетним

влечет наложение штрафа на физических лиц в размере от пяти до семи показателей для расчетов и на юридические лица в размере от тридцати до пятидесяти показателей для расчетов.

Статья 463(3). Запрет производства, ввоза, вывоза, оптовой и розничной продажи табачных изделий, в составе которых никотин и смола превышает утвержденную гигиеническую норму, а также отсутствие на упаковке основных и дополнительных предупредительных надписей о вреде курения

1. Для производства, ввоза, вывоза, оптовой и розничной продажи табачных изделий, в составе которых никотин и смола превышает гигиенические нормы, утвержденные уполномоченным государственным органом в области здравоохранения,

...