Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2009 № 556 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи энергетика"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи энергетика"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2000 "Дар бораи энергетика" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2000, №11, мод. 504; с.2005, №12, мод. 633; с. 2007, №6, мод. 436; №7, мод. 672) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Сархати дуюми моддаи 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"комплекси сӯзишворию энергетикӣ - маҷмӯи бо ҳам алоқаманди соҳаҳои иқтисодиёт, ки дар системаҳои гидроэнергия ва гармиистеҳсолкунанда, ангишт, нафт, газистихроҷ, интиқол ва коркардкунанда, барқтаъминкунанда ва барқистифодабаранда, инчунин зерсистемаҳои минтақавӣ ва дигар объектҳои энергетикӣ, ки сарфи назар аз шакли моликият фаъолият менамоянд;".

2. Моддаи 8 хориҷ карда шавад.

3. Дар моддаи 14:

- дар номи модда ва матни он калимаҳои "сармоягузории хориҷӣ" ба калимаҳои "сармоягузории ватанӣ ва хориҷӣ" иваз карда шаванд;

- ба қисми якум ҷумлаи дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Захираҳои энергетикӣ ба сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ ба истифодаи мӯҳлатнок, тибқи шартномаҳои тарафайн дода мешаванд.".

4. Дар моддаи 15:

- қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ, ҳангоми азхудкунӣ ва истифодабарии захираҳои электроэнергетикӣ, харидории электроэнергияи зиёдатӣ, мақомоти ваколатдор оид ба танзими фаъолияти субъектҳои монополияҳои табиӣ метавонад нархҳо ва тарифҳои дигарро муқаррар намояд.";

- қисми сеюм хориҷ карда шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об энергетике"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 29 ноября 2000 года "Об энергетике" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2000г., №11, ст. 504; 2005г., №12, ст.633; 2007г., №6, ст. 436; №7, ст. 672) следующие изменения и дополнения:

1. Абзац второй статьи 2 изложить в следующей реакции:

"топливно-энергетический комплекс - совокупность взаимосвязанных отраслей экономики, занятые в гидроэнерго- и теплогенерирующих, угле-, нефте-, газодобывающих, транспортирующих и перерабатывающих, электроснабжающих и потребляющих системах, а также в территориальных подсистемах и других объектах энергетики, независимо от форм собственности;".

2. Статью 8 исключить.

3. В статье 14:

- в названии и тексте статьи слова "иностранные инвестиции" заменить словами "отечественные и иностранные инвестиции";

- в часть первый дополнить вторым предложением следующего содержания:

"Энергетические ресурсы предоставляются в пользование отечественным и иностранным инвесторам обоюдными соглашениями на определенный срок.".

4. В статье 15:

- часть вторую изложить в следующей редакции:

"В целях поощрения и поддержки отечественных и иностранных инвесторов, при освоении и использовании электроэнергетических ресурсов, осуществлении закупок излишек электроэнергии уполномоченный орган по регулированию деятельности субъектов естественных монополий может устанавливать иные цены и тарифы.";

- часть третью исключить.

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

...