ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН"
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 октябри соли 2023, № 1064
қабул карда шуд
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 октябри соли 2023, № 1064
қабул карда шуд
қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 ноябри соли 2023, № 425
ҷонибдорӣ карда шуд
қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 ноябри соли 2023, № 425
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" аз 28 июни соли 2011 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №6, мод. 435; с.2014, №7, қ. 2, мод. 409, мод. 410; с. 2018, №7-8, мод. 531; с. 2019, №7, мод. 474; с. 2020, №7-9, мод. 627) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар матни Қонун калимаҳои "ӯҳдадориҳои", "ӯҳдадориҳое", "ӯҳдадориҳо", "ӯҳдадориҳоеро", "ӯҳда", "ӯҳдадорӣ", "ӯҳдадориҳояш", "ӯҳдаи", "ӯҳдадории", "ӯҳдадориҳои", "ӯҳдадор", "ӯҳдадоранд", "мӯҳлати", "мӯҳлатҳои", "дарозмӯҳлат", "мӯҳлатнок", "кӯтоҳмӯҳлат", "мӯҳлатҳое", "мӯҳлат", "мӯҳлатро", "мӯҳлаташро","мӯҳлаташон", "фавқулодда", "фавқулоддаю", "фавқулоддаи" ва "фавқулоддае" мувофиқан ба калимаҳои "уҳдадориҳои", "уҳдадориҳое", "уҳдадориҳо", "уҳдадориҳоеро", "уҳда", "уҳдадорӣ", "уҳдадориҳояш", "уҳдаи", "уҳдадории", "Уҳдадориҳои", "уҳдадор", "уҳдадоранд", "муҳлати", "муҳлатҳои", "дарозмуҳлат", "муҳлатнок", "кутоҳмуҳлат", "муҳлатҳое", "муҳлат", "муҳлатро", "муҳлаташро", "муҳлаташон", "фавқулода", "фавқулодаю", "фавқулодаи" ва "фавқулодае" иваз карда шаванд.
...