ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 1. Моддаи 240 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, № 9, мод. 68, 69, № 22, мод. 306; с. 1999, № 12, мод. 316; с. 2001, № 4, мод. 149, 167: с. 2002, № 11, мод. 675, 750; с. 2003, № 8, мод. 456, 468; с. 2004, № 5, мод. 346, №7, мод. 452, 453; с. 2005, № з, мод. 126, № 7 мод. 399, №12, мод. 640; с. 2007, № 7, мод. 665; с.2008, № 1, қ.1, мод. 3, № 6, мод. 444, 447, №10, мод.803), дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 240. Ташкил ё нигоҳдории қиморхона (казино), мизу автоматҳои бозӣ бо бурди пулӣ
Ташкил ё нигоҳдории қиморхона (казино), мизу автоматҳои бозӣ бо бурди пулӣ,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз шаш то ҳашт сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
26 марти соли 2009 № 487
ш.Душанбе
26 марти соли 2009 № 487
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
...