Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 2022, №436 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 майи соли 2008, №457"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 майи соли 2008, №457

 

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:

Ба замимаи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 майи соли 2008, №457 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи адои хизмат дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1) банди 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"1. Корманди воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ шахсе ба ҳисоб меравад, ки танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар хизмат ва ё ҳайати эҳтиётии кадрҳои мақомоти Агентӣ қарор дорад ва бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Низомнома ба ӯ рутбаи махсус дода шудааст.";

2) банди 2 хориҷ карда шавад;

3) дар банди 3 калимаҳои "мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буда," ба калимаҳои "мақомоти ваколатдори назорати давлатии молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқ буда, назорати давлатии молиявиро оид ба истифодаи самарабахши маблағҳои давлатӣ ва молу мулки давлатӣ" иваз карда шаванд;

4) дар банди 4 пас аз калимаи "Намунаи" калимаи "тасвири" илова карда шавад;

5) дар банди 5 калимаҳои "Қонунҳои", "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" мувофиқан ба калимаҳои "қонунҳои", "Дар бораи муқовимат ба коррупсия" иваз карда шаванд;

6) дар банди 7 ҷумлаҳои дуюм ва сеюм бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"Кормандони Агентӣ уҳдадор нестанд, ки оид ба моҳияти парвандаҳо ва маводи дар истеҳсолоташонбуда ягон хел тавзеҳот диҳанд, онҳоро барои шинос шудан пешниҳод кунанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.

Дастгир намудан, маҷбуран овардан, кофтукови шахсии корманди Агентӣ, азназаргузаронии молу мулк, воситаҳои нақлиёт ва алоқа, ки онҳо истифода мебаранд, танҳо дар вақти дастгир намудани ӯ ҳангоми содир кардани ҷиноят, дар дигар мавридҳо бошад, танҳо вобаста ба парвандаи ҷиноятии оғозгардида нисбати корманди воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.";

7) дар банди 9:

...

УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в указ Президента Республики Таджикистан от 13 мая 2008 года, № 457

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" постановляю:

Внести в приложение к указу Президента Республики Таджикистан от 13 мая 2008 года, №457 "Об утверждении Положения о прохождении службы в правоохранительных подразделениях Агентства по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан" следующие изменения и дополнения:

1) пункт 1 изложить в следующей редакции:

"1. Сотрудником правоохранительных подразделений Агентства считается лицо, являющееся только гражданином Республики Таджикистан, состоящее на службе или в резерве Агентства и которому присвоено специальное звание в порядке, установленном настоящим Положением.";

2) пункт 2 исключить;

3) в пункте 3 слова "является правоохранительным органом" заменить словами "является уполномоченным органом государственного финансового контроля и правоохранительным органом и осуществляет государственный финансовый контроль за эффективным использованием государственных средств и государственного имущества";

4) в пункте 4 после слова "Образец" дополнить словом "изображение";

5) в пункте 5 слова "Законы" и "О борьбе с коррупцией" соответственно заменить словами "законы" и "О противодействии коррупции";

6) пункт 7 дополнить вторым и третьим предложениями следующего содержания:

"Сотрудники Агентства не обязаны давать какие-либо разъяснения относительно характера дел и материалов, находящихся в их производстве, предъявлять их для ознакомления, за исключением случаев, предусмотренных законодательством Республики Таджикистан.

Задержание, принудительный привод, личный обыск сотрудника правоохранительных подразделениях Агентства, осмотр имущества, транспортных средств и средств связи, используемых им, разрешается только при задержании его при совершении преступления, а в других случаях осуществляется только по возбужденному уголовному делу в отношении сотрудника Агентства в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан";

7) в пункте 9:

- слова "законности" и "ответственности" соответственно заменить словами "законодательства Республики Таджикистан" и "материальной, дисциплинарной, административной и уголовной ответственности";

...