ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, № 9, мод. 68, 69; № 22, мод. 306; с. 1999, № 12, мод. 316; с. 2001, № 4, мод. 149, 167; с. 2002, № 11, мод. 675, 750; с. 2003, № 8, мод. 456, 468; с. 2004, № 5, мод. 346; №7, мод. 452, 453; с. 2005, № 3, мод. 126; № 7 мод. 399; №12, мод 640; с. 2007, №7, мод.665; с.2008, №1 (қисми 1), мод. 3), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Бандҳои "а", "б", "в", "г" моддаи 47 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"а) ҷарима;
б) маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян;
в) маҳрум кардан аз рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон;
г) корҳои ҳатмӣ;".
2. Қисми 4 моддаи 48 хориҷ карда шавад.
3. Дар қисми 3 моддаи 67 калимаҳои "Агар маҷмӯи ҷиноятҳоро ҷиноятҳои вазнин ё махсусан вазнин дар бар гирифта бошад," ба калимаҳои "Агар яке аз ҷиноятҳои дар маҷмӯъ содиршуда ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин бошад," иваз карда шаванд.
4. Дар санксияҳои қисми 2 моддаи 104 ва қисми 3 моддаи 179 пас аз калимаҳои "якумра аз озодӣ маҳрум сохтан" калимаҳои "бо мусодираи молу мулк" илова карда шаванд.
5. Дар санксияи қисми 3 моддаи 110 калимаҳои "дувоздаҳ то бист" ба калимаҳои "дувоздаҳ то понздаҳ" иваз карда шаванд.
6. Моддаи 210(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 210(1). Ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан, истеҳсол ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат, қалбакӣ (сохта) ва ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгуйнабуда, инчунин дорувории мӯҳлати истифодааш гузашта
1) Ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан, истеҳсол ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат, қалбакӣ (сохта) ва ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгӯйнабуда, инчунин дорувории мӯҳлати истифодааш гузашта ба миқдори калон,
...