ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ АДЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 9 марти соли 2022, №664 
қабул карда шуд 
 
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 марти соли 2022, № 248
ҷонибдорӣ карда шуд 
 
 
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 20 апрели соли 2021 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2021, №4, мод. 193) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Номи моддаи 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 9. Нотариати давлатӣ".
2. Дар моддаи 30:
- дар ном ва қисмҳои 1 ва 2 калимаи "роҳбарикунандаи" ба калимаҳои "роҳбарикунанда ва дигар кормандони" иваз карда шавад;
- қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"3. Ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти адлия тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" амалӣ карда мешавад.";
- қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"4. Тартиби ҷойивазкунии (ротатсияи) дигар кормандони мақомоти адлия аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад. 
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                       Эмомалӣ Раҳмон
 
ш. Душанбе, 
аз 18 марти соли 2022 № 1864
 
 
                         
                        
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН 
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "ОБ ОРГАНАХ ЮСТИЦИИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"
Принят постановлением МН МОРТ 
от 9 марта 2022 года, №664 
 
Одобрен постановлением ММ МОРТ 
от 15 марта 2022 года, №248
 
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан "Об органах юстиции Республики Таджикистан" от 20 апреля 2021 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2021 г., №4, ст. 193) следующие изменения и дополнения:
1. Название статьи 9 изложить в следующей редакции:
"Статья 9. Государственный нотариат".
2. В статье 30:
- название и части 1 и 2 после слов "руководящих кадров" дополнить словами "и других сотрудников";
- часть 3 изложить в следующей редакции:
"3. Перемещение (ротация) руководящих кадров органов юстиции осуществляется в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О государственной службе".";
- дополнить частью 4 следующего содержания:
"4. Порядок перемещения (ротации) других сотрудников органов юстиции определяется Правительством Республики Таджикистан.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования. 
Президент 
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
 
г. Душанбе, 
от 18 марта 2022 года, №1864