ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 №143
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади такмили сохтори Агентии назорати давлатии молиявӣ па мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1) Дар банди 4 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 №143 "Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ па мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" рақами "205" ба рақами "225" иваз карда шавад.
2) Дар банди 10 Сохтори дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ па мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 №143 тасдиқ шудааст, калимаи "Шӯъбаи" ба калимаи "Раёсати" иваз карда шавад.
3) Ба Нақшаи идоракунии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 №143 тасдиқ шудааст, тағйироти зайл ворид карда шаванд:
- банди 6 хориҷ карда шавад;
- банди 7 мувофиқаи банди 6 ҳисобида шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
16 январи соли 2010, № 757
ш. Душанбе
16 январи соли 2010, № 757
...