ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани илова ба Қонунн Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, № 5, мод.348; с.2005, №3, мод. 120; с.2006, №7, мод.343; с.2007, № 6, мод.433; с. 2008, № 1, мод.14) моддан 18 (3) бо мазмуни зернн илова карда шавад:
"Моддаи 18(3). Додани иҷозатнома дар асоси созишнома оид ба тақсими маҳсулот
Иҷозатнома барои фаъолияте, ки аз созишнома оид ба тақсими маҳсулот байни давлат ва сармоягузор бармеояд, пас аз 30 рӯзи ба имзо расонидани созишномаи мазкур бе талаб кардани ҳуҷҷату маводи иловагӣ ва бе мувофиқасозии иловагӣ дода мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
18 июни соли 2008 № 399
ш.Душанбе
18 июни соли 2008 № 399
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
...