ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:
1. Аз муқаддимаи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007, № 143 "Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва банди 2 Низомномаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007, № 143 тасдиқ шудааст, калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
2. Ба Низомномаи адои хизмат дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 майи соли 2008, № 457 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи адои хизмат дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар бандҳои 5, 10 ва сархати нуҳуми банди 11 калимаҳои "яроқ" ва "яроқи" мувофиқан ба калимаҳои "силоҳ" ва "силоҳи" иваз ва калимаи "Сарқонуни" хориҷ карда шавад;
- аз сарсатри сеюми банди 24 аломат ва калимаҳои ", бо тариқи гузаштан аз аттестатсия" хориҷ карда шаванд;
- аз банди 28 аломат, рақам ва калимахои ", ки собиқаи умумии меҳнатии 20 - сола дорад," хориҷ карда шаванд;
- дар сарсатри панҷуми банди 52 калимаҳои "олии таҳсили 5-сола" ба калимаҳои "таҳсилоти олии касбӣ" иваз карда шаванд;
- дар ҷадвали банди 53:
- дар сутуни "Вазифа"-и сатри 2 калимаҳои "сардори Сарраёсат" ба калимаҳои "сардорони сарраёсатҳо" иваз карда шуда, калимаҳо ва аломати "пешгирии коррупсия," хориҷ карда шаванд;
- дар сутуни "Вазифа"-и сатри 3 калимаҳо ва аломати "сардорони Раёсатҳои молиявию хоҷагӣ, ҳифзи ҷисмонӣ" ба калимаҳои "Сардори раёсати молиявию хоҷагӣ", калимаи "Сарраёсат" ба калимаҳои "сарраёсатҳо ва муовинони онҳо" иваз карда шуда, пас аз калима ва аломати "Хатлон," калимаҳо ва аломати "сардори шуъбаи минтақавӣ дар водии Зарафшон," илова карда шаванд;
- дар сутуни "Вазифа"-и сатри 4 калимаҳо ва аломати "Раёсатҳои тобеъи Сарраёсат," хориҷ карда шуда, калимаҳои "фаврӣ" ва "фаврии" мутобиқан ба калимаҳои "оперативӣ" ва "оперативии" иваз карда шаванд;
- дар сутуни "Вазифа"-и сатрҳои 5 ва 6 калимаҳои "фаврӣ" ва "фаврии" мутобиқан ба калимаҳои "оперативӣ" ва "оперативии" иваз карда шаванд;
- дар банди 59:
...