ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №3, мод. 183; с. 2011, №6, мод. 457; с. 2013, №7, мод. 513, №12, мод. 886; с. 2014, №11, мод. 654; с. 2015, №7-9, мод.701; с. 2016, №3, мод. 138; с.2017, №1-2, мод. 7)
(Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 746, аз 22.07.2013 № 985, аз 28.12.2013 № 1042, аз 27.11.2014 № 1145, аз 8.08.2015 № 1213, аз 15.03.2016 № 1285, аз 24.02.2017 № 1384, аз 17.05.2018 № 1523, аз 17.12.2020 № 1734)
Қонуни мазкур ҳуқуқу ӯҳдадориҳо, таъинот, принсипҳо, вазифаҳо, самтҳои асосии фаъолият ва воситаҳои таъминоти мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин вазъи ҳуқуқии кормандони онро муқаррар менамояд .
Боби 1. Муқаррароти умумӣ
Моддаи 1. Мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми таркибии системаи таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар доираи ваколатҳои ба онҳо додашуда амнияти шахс, ҷамъият ва давлатро аз таҳдидҳои дохилӣ ва берунӣ таъмин менамоянд.
Роҳбарии умумӣ ва назорати фаъолияти мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
Моддаи 2. Системаи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи ягонаи марказонидашударо ташкил медиҳанд, ки ба он дохил мешаванд:
-Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-Раёсатҳо, хадамот, шӯъбаҳо, бахшҳо, марказҳо, гурӯҳҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (мақомоти минтақавии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон).
...