Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "28" сентябри соли 2012 № 1355
тасдиқ шудааст
Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "28" сентябри соли 2012 № 1355
тасдиқ шудааст
Низомномаи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Фармони Президенти ҶТ аз 30.04.2015 № 476)
(Фармони Президенти ҶТ аз 30.04.2015 № 476)
1. Муқаррароти умумӣ
1. Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистои (минбаъд - Шӯрои адлия) мақоми коллегиалӣ буда, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.
2. Асоси ҳуқуқии фаъолияти Шӯрои адлияро Конститутсияи (Сарқонуии) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мазкур, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ташкил медиҳад.
3. Сохтор ва шумораи ҳайати Шӯрои адлия аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
4. Шӯрои адлия фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо ба роҳ мемонад.
2. Ваколатҳо
...