ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2015
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2014, №11, мод.642; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2015, №1203; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 майи соли 2015, №1204)
(Қонуни ҶТ аз 15.04.2015 № 1203, аз 5.05.2015 № 1204, аз 2.06.2015 № 1205, аз 17.06.2015 № 1206, аз 4.11.2015 № 1227)
Моддаи 1. Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 15278362 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад, аз ҷумла:
- даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби воридоти андозию ғайриандозӣ ва грантҳо 12634177 ҳазор сомонӣ, аз онҳо:
воридоти андозӣ - 11503336 ҳазор сомонӣ;
воридоти ғайриандозӣ - 1030841 ҳазор сомонӣ;
грантҳо барои дастгирии буҷет аз ҳисоби ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ - 100000 ҳазор сомонӣ;
- буҷети лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ бо ҷалби захираҳои молиявии берунӣ - 1862666 ҳазор сомонӣ;
аз онҳо:
қарзҳо - 553591 ҳазор сомонӣ;
грантҳо - 1309075 ҳазор сомонӣ;
...