ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1998, №9, мод. 68; мод. 69; №22, мод. 306; с. 1999, №12, мод. 316; с. 2001, №4, мод. 149; мод. 167; с. 2002, №11, мод. 675; мод. 750; с. 2003, №8, мод. 456; мод. 468; с. 2004, №5, мод. 346; №7, мод. 452; мод. 453; с. 2005, №3, мод. 126; №7, мод. 399; №12, мод. 640; с. 2007, №7, мод. 665; с. 2008, №1, қ. 1, мод. 3; №6, мод. 444; мод. 447; №10, мод. 803; №12, қ. 1, мод. 986; №12, қ. 2, мод. 992; с. 2009, №3, мод. 80; №7-8, мод. 501; с. 2010, №3, мод. 155; №7, мод. 550; с. 2011, №3, мод. 161; №7-8, мод. 605; с. 2012, №4, мод. 258; №7, мод. 694; с. 2013, №6, мод. 403; мод. 404; №12, мод. 881; с. 2014, №3, мод. 141), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 57:
- дар қисми 1 калимаҳои "молу мулки зерин" ба калимаҳои "молу мулки зерини маҳкумшуда" иваз карда шаванд;
- ба банди а) қисми 1 баъд аз рақами "320," калима ва рақами "қисми 2 моддаи 324,", баъд аз рақами "335(2)," калима ва рақами "қисми 2 моддаи 338(1)," ва баъд аз рақами "356," калима ва рақами "қисмҳои 3 ва 4 моддаи 391," илова карда шаванд;
- ба модда қисми 7 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"7) Барои содир намудани ҷиноятҳои дар банди а) қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда суд метавонад мусодираи пурраи молу мулкро ҳамчун ҷазои иловагӣ таъин намояд.";
- қисми 7 қисми 8 ҳисобида шавад.
2. Дар диспозитсияи қисми 1 моддаи 188 калимаҳои "воситаҳои таркиш ё моддаҳои тарканда" ба калимаҳои "моддаҳои тарканда, воситаҳои таркиш ё моддаҳои оташзананда" иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 195:
- аз диспозитсияи қисми 1 калимаҳои ", ҳамчунин маҳлулҳои оташангез ва моддаҳои зуддаргиранда, ки барои ба сифати силоҳ истифода бурдан таъинанд ё мувофиқ карда шудаанд" хориҷ карда шавад;
- аз қисми 3 эзоҳи модда калимаҳои "маводи оташангез ва моддаҳои зуддаргиранда (2 литр ва зиёда аз он), ки махсус барои истифода ба сифати силоҳ таъинанд ё мутобиқ карда шудаанд," хориҷ карда шаванд.
4. Ба Кодекс моддаи 195(2) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 195(2). Муомилот ва истифодаи моддаҳои оташзананда
...