ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2011 "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2011, №6, мод.435) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми 1 моддаи 6 сархати- нӯҳум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"-ташкили шароити мусоид барои ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ;".
2. Дар сархати чоруми банди 1) қисми 1 моддаи 21 калимаи "дигари" ба калимаҳои "дигар дар" иваз карда шавад.
3. Дар моддаи 36:
- аз қисми 1 рақами "1." ва калимаҳои "ва дигар қонунҳо" хориҷ карда шаванд;
- қисмҳои 2 ва 3 хориҷ карда шаванд.
4. Моддаи 37 хориҷ карда шавад.
5. Ба қисми 3 моддаи 48 сархати сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- барои халалдор сохтани манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ;".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Президенти
...