ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ БА БАЪЗЕ НАМУДҲОИ ФАЪОЛИЯТ"
Моддаи 1. Ба моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, №5, мод.348; с.2005, №3, мод.120; с.2006, №7, мод. 343; с.2007, №6, мод.433; с.2008, №1, қ.2, мод.14; №6, мод.457; №10 мод.816; с.2009, №3, мод.78; №5, мод.326; №9-10, мод.544; с.2010, №12, қ.1, мод.821; с.2012, №12, қ.1, мод. 1005; с.2013, №3, мод.193; №11, мод.787) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
- сархати якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- фаъолият оид ба додани сертификатҳои калидҳои имзои электронии рақамӣ, ба қайд гирифтани соҳибони имзоҳои электронии рақамӣ, хизматрасонӣ вобаста ба истифодаи имзоҳои электронии рақамӣ ва тасдиқ кардани ҳаққонияти имзоҳои электронии рақамӣ;";
- дар сархати дуюм калимаҳои "махфӣ қабул намудани маълумот" ба калимаҳои "ғайриошкоро ба даст овардани иттилоот" иваз карда шаванд;
- аз сархати сеюм калимаҳои "намудҳои маълуми" хориҷ карда шаванд;
- дар сархатҳои сеюм ва чорум калимаҳои "маълумоти махфӣ" ба калимаҳои "иттилооти махфиёна" иваз карда шаванд;
- дар сархати панҷум калимаҳои "ба даст овардани иттилооти махфӣ истифода бурда мешаванд," ба калимаҳои "ғайриошкоро ба даст овардани иттилоот пешбинӣ шудаанд," иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
26 июли соли 2014 № 1110
ш.Душанбе
...