ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТИВӢ-ҶУСТУҶӯӢ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 2011 "Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №3, мод. 155) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- сархати нӯҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- харидории санҷишии оперативӣ - аз ҷониби мақоми амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба вуҷуд овардани вазъияте, ки дар он таҳти назоратбарии оперативӣ аз шахсе, ки дар содир намудани ҷиноят асоснок гумонбар шудааст, мол, ашё ё хизматрасонӣ бе мақсади истеъмол, ба соҳибияти каси дигар додан ё истифодаи онҳо, инчунин бо мақсади гирифтани маълумот дар бораи эҳтимолияти фаъолияти ҷиноятӣ ва барои ҳалли дигар вазифаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷӯстуҷӯӣ музднок ба даст оварда мешаванд;";
- дар сархати сездаҳум калимаҳои "манзил, биноҳо, ҳуҷраҳо" ба калимаҳои "манзил, ҳуҷраҳо, биноҳо" иваз карда шаванд;
- сархати шонздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- муҳити ҷиноятӣ - муҳите, ки дар он шахси ҷиноятро тайёркунанда, содиркунанда содиркарда қарор дорад, аз ҷумла гурӯҳи ҷиноятӣ, гурӯҳи муташаккил ва иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ);";
- дар сархати ҳабдаҳум калимаҳои "гурӯҳи" ва "махфӣ" мувофиқан ба калимаҳои "муҳити" ва "махфиёна" иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 3:
- дар банди 4) аломати нуқта ба аломати нуқта вергул ";" иваз карда шавад;
- банди 5) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"5) таъмини амнияти системаҳои иттилоотӣ.".
3. Дар моддаи 5:
...