Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2014, № 1089 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1998, №9, мод. 68; мод. 69; №22, мод. 306; с. 1999, №12, мод. 316; с. 2001, №4, мод. 149; мод. 167; с. 2002, №11, мод. 675; мод. 750; с. 2003, №8, мод. 456; мод. 468; с. 2004, №5, мод. 346; №7, мод. 452; мод. 453; с. 2005, №3, мод. 126; №7, мод. 399; №12, мод. 640; с. 2007, №7, мод. 665; с. 2008, №1, қ. 1, мод. 3; №6, мод. 444; мод. 447; №10, мод. 803; №12, қ. 1, мод. 986; №12, қ. 2, мод. 992; с. 2009, №3, мод. 80; №7-8, мод. 501; с. 2010, №3, мод. 155; №7, мод. 550; с. 2011, №3, мод. 161; №7-8, мод. 605; с. 2012, №4, мод. 258; №7, мод. 694; с. 2013, №6, мод. 403; мод. 404; №12, мод. 881; с. 2014, №3, мод. 141), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 57:

- дар қисми 1 калимаҳои "молу мулки зерин" ба калимаҳои "молу мулки зерини маҳкумшуда" иваз карда шаванд;

- ба банди а) қисми 1 баъд аз рақами "320," калима ва рақами "қисми 2 моддаи 324,", баъд аз рақами "335(2)," калима ва рақами "қисми 2 моддаи 338(1)," ва баъд аз рақами "356," калима ва рақами "қисмҳои 3 ва 4 моддаи 391," илова карда шаванд;

- ба модда қисми 7 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"7) Барои содир намудани ҷиноятҳои дар банди а) қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда суд метавонад мусодираи пурраи молу мулкро ҳамчун ҷазои иловагӣ таъин намояд.";

- қисми 7 қисми 8 ҳисобида шавад.

2. Дар диспозитсияи қисми 1 моддаи 188 калимаҳои "воситаҳои таркиш ё моддаҳои тарканда" ба калимаҳои "моддаҳои тарканда, воситаҳои таркиш ё моддаҳои оташзананда" иваз карда шаванд.

3. Дар моддаи 195:

- аз диспозитсияи қисми 1 калимаҳои ", ҳамчунин маҳлулҳои оташангез ва моддаҳои зуддаргиранда, ки барои ба сифати силоҳ истифода бурдан таъинанд ё мувофиқ карда шудаанд" хориҷ карда шавад;

- аз қисми 3 эзоҳи модда калимаҳои "маводи оташангез ва моддаҳои зуддаргиранда (2 литр ва зиёда аз он), ки махсус барои истифода ба сифати силоҳ таъинанд ё мутобиқ карда шудаанд," хориҷ карда шаванд.

4. Ба Кодекс моддаи 195(2) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 195(2). Муомилот ва истифодаи моддаҳои оташзананда

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В УГОЛОВНЫЙ КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Статья 1. Внести в Уголовный кодекс Республики Таджикистан, принятый Законом Республики Таджикистан от 21 мая 1998 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан 1998 г., №9, ст. 68; ст. 69; №22, ст. 306; 1999 г., №12, ст. 316; 2001 г., № 4, ст. 149, ст. 167; 2002 г., №11, ст. 675; ст. 750; 2003 г., № 8, ст. 456; ст. 468; 2004 г., №5, ст. 346; №7, ст. 452; ст. 453; 2005 г., №3, ст. 126; №7, ст. 399; №12, ст. 640; 2007 г., №7, ст. 665; 2008 г., №1 ч. 1, ст. 3; №6, ст. 444; ст. 447; №10, ст. 803; №12, ч. 1, ст. 986, №12 ч. 2, ст. 992; 2009 г., № 3, ст. 80; №7-8, ст. 501; 2010 г., №3, ст. 155; №7, ст. 550; 2011 г., №3, ст. 161; №7-8, ст. 605; 2012 г., №4, ст. 258; №7, ст. 694; 2013 г., №6, ст. 403; ст. 404; №12, ст. 881; 2014 г., №3, ст. 141), следующие изменения и дополнения:

1. В статье 57:

- в части 1 слова "следующего имущества" заменить словами "следующего имущества осужденного";

- пункт а) части 1 после цифры "320" дополнить словами и цифрами "частью 2 статьи 324", после цифры "335(2)" словами и цифрами "частью 2 статьи 338(1),", после цифры "356" словами и цифрами "частями 3 и 4 статьи 391";

- статью дополнить часть 7 следующего содержания:

"7) За совершение преступлений, предусмотренных пунктом а) части 1 настоящей статьи, суд может назначить полную конфискацию имущества в виде допольнительного наказания.";,

- часть 7 считать частью 8.

2. В диспозиции части 1 статьи 188 слова "взрывчатых устройств или взрывчатых веществ" заменить словами "взрывчатых веществ, взрывчатых устройств или горючих веществ".

3. В статье 195:

- из диспозиции части 1 слова ", а равно горючих смесей и легковоспламеняющихся веществ, предназначенных или приспособленных для использования в качестве оружия" исключить;

- из примечания части 3 статьи слова ", горючая смесь и легковоспламеняющиеся вещества (в количестве двух или более литров), специально предназначенные или приспособленные для использования в качестве оружия" исключить.

4. Кодекс дополнить статьей 195(2) следующего содержания:

"Статья 195(2). Оборот и использование горючих веществ

...