Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2014 № 1069 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ. 1, мод. 989; мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321; №9-10, мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2; мод. 5; №3, мод. 153; №7, мод. 547; №12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, №6, мод. 430; мод. 431; №7-8, мод. 610; №12, мод. 838; с. 2012, №4, мод. 256; №7, мод. 685; мод. 693; №8, мод. 814; №12, қ. 1, мод. 1004; с. 2013, №3, мод. 181; №7, мод. 508), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар қисми 2 моддаи 291 калимаҳои "ва ба вуҷуд овардани монеа барои ҳаракат дар роҳ дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои истгоҳ" хориҷ карда шуда, пеш аз калимаи "ташкил" калимаҳои "сохтан ва" илова карда шаванд.

2. Дар қисми 1 моддаи 324 калимаи "инчунин" хориҷ карда шуда, пас аз калимаҳои "ва роҳҳои пиёдагард" калимаҳои ", инчунин ба вуҷуд овардани монеа ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳ дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои истгоҳ" илова карда шаванд.

3. Ба ном ва матни моддаи 550 пас аз калимаҳои "шири модар" калимаҳои "шишачаҳои ширмакконӣ (шишачаҳои ширдӯшӣ), маккаку пистонак," илова карда шаванд.

4. Ба Кодекс моддаҳои 551(1), 551(2) ва 624(1) бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"Моддаи 551(1). Риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ноболиғон ҳангоми истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани реклама

Барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ноболиғон ҳангоми истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани реклама,

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Моддаи 551(2). Риоя накардани мӯҳлати нигоҳдории маводи рекламавӣ ва нусхаҳои онҳо

Барои аз тарафи рекламадиҳанда, истеҳсолкунанда ва паҳнкунандаи реклама риоя накардани мӯҳлати нигоҳдории маводи рекламавӣ ва нусхаҳои онҳо,

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то яксаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Моддаи 624(1). Иҷро накардан ё иҷрои номатлуби амрномаи мақомоти давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо

Барои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби амрномаи мақомоти давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ва дигар мақомоти давлатӣ, ки назорати сифат ва бехатарии молҳоро (кор ва хизматрасониҳоро) дар доираи ваколатҳои худ анҷом медиҳанд,

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН ОБ АДМИНИСТРАТИВНЫХ ПРАВОНАРУШЕНИЯХ

Статья 1. Внести в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях, принятый Законом Республики Таджикистан от 31 декабря 2008 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008 г., №12, ч. 1, ст. 989; ст. 990; 2009 г., №5, ст. 321; №9-10, ст. 543; 2010 г., №1, ст. 2; ст. 5; №3, ст. 153; №7, ст. 547; №12, ч. 1, ст. 812; 2011 г., №6, ст. 430; ст. 431; № 7-8, ст. 610; №12, ст. 838; 2012 г., №4, ст. 256; №7, ст. 685; ст. 693; №8, ст. 814; №12, ч. 1, ст. 1004; 2013 г., №3, ст. 181; №7, ст. 508), следующие изменения и дополнения:

1. В части 2 статьи 291 слова "Создание помех для дорожного движения путем нарушения правил стоянки транспортных средств, загрязнения" заменить словами "Разрушение дорожного покрытия, проведение различных коммуникаций через дорогу, загрязнение".

2. В части 1 статьи 324 слова ", а также" исключить и после слов "и пешеходных переходов" дополнить словами "а также создание помех для дорожного движения путем нарушения правил стоянки транспортных средств".

3. Название и текст статьи 550 после слов "грудное молоко" дополнить словами "бутылочек (рожков) для кормления, сосок и пустышек,".

4. Кодекс дополнить статьями 551(1), 551(2) и 624(1) следующего содержания:

"Статья 551(1). Несоблюдение требований законодательства Республики Таджикистан по защите несовершеннолетних при производстве, размещении и распространении рекламы

Несоблюдение требований законодательства Республики Таджикистан по защите несовершеннолетних при производстве, размещении и распространении рекламы,

влечет наложение штрафа на физических лиц в размере от пяти до десяти, на должностных лиц от сорока до пятидесяти и на юридические лица от ста пятидесяти до двухсот показателей для расчетов.

Статья 551(2). Несоблюдение срока хранения рекламных материалов и их копий

Несоблюдение рекламодателями, производителями рекламы и ее распространителями срока хранения рекламных материалов и их копий,

влечет наложение штрафа на физических лиц в размере от пяти до семи, на должностных лиц от тридцати до сорока и на юридические лица от ста до ста пятидесяти показателей для расчетов.

Статья 624(1). Неисполнение или ненадлежащее исполнение предписаний государственных органов по стандартизации, метрологии, сертификации и торговой инспекции

Неисполнение или ненадлежащее исполнение предписаний государственных органов по стандартизации, метрологии, сертификации и торговой инспекции и других государственных органов, осуществляющих контроль качества и безопасности товаров (работ и услуг) в пределах своих полномочий,

...