Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2014 № 1066 "Дар Бораи Ворид Намудан Тағйиру Иловаҳо Ба Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАН ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1998, №9, мод. 68; мод. 69; №22, мод. 306; с. 1999, №12, мод. 316; с. 2001, №4, мод. 149; мод. 167; с. 2002, №11, мод. 675; мод. 750; с. 2003, №8, мод. 456; мод. 468; с. 2004, №5, мод. 346; №7, мод. 452; мод. 453; с. 2005, №3, мод. 126; №7, мод. 399; №12, мод. 640; с. 2007, №7, мод. 665; с. 2008, №1, қ. 1, мод. 3; №6, мод. 444; мод. 447; №10, мод. 803; №12, қ. 1, мод. 986, №12, қ. 2, мод. 992; с. 2009, №3, мод. 80; №7-8, мод. 501; с. 2010, №3, мод. 155; №7, мод. 550; с. 2011, №3, мод. 161; №7-8, мод. 605; с. 2012, №4, мод. 258; №7, мод. 694; с. 2013, №6, мод. 403; мод. 404; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2013, №1028), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба Кодекс моддаи 130(2) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 130(2). Истифодаи меҳнати ғуломона

1) Истифодаи меҳнати инсон, ки нисбат ба он ваколатҳои ба ҳуқуқи моликият хосбуда амалӣ мешаванд, дар ҳолате, ки агар шахс бо сабабҳои аз вай вобастанабуда иҷрои корро (хизматрасониро) рад карда наметавонад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки:

а) нисбати ду ё зиёда шахсон;

б) нисбати маъюбон;

в) нисбати зане, ки ҳомила будани ӯ барои гунаҳгор аён аст ё нисбати шахси баръало ноболиғ;

г) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

д) аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматиаш;

е) бо роҳи истифодаи иръоб (шантаж), зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;

ж) бо кашида гирифтан, пинҳон намудан ё нобуд кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти ҷабрдида содир шудааст,

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В УГОЛОВНЫЙ КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Статья 1. Внести в Уголовный кодекс Республики Таджикистан, принятый Законом Республики Таджикистан от 21 мая 1998 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан 1998 г., № 9, ст. 68; ст. 69; №22, ст. 306; 1999 г., №12, ст. 316; 2001 г., № 4, ст. 149; ст. 167; 2002 г., №11, ст. 675; ст. 750; 2003 г., № 8, ст. 456; ст. 468; 2004 г., №5, ст. 346; №7, ст. 452; ст. 453; 2005 г., №3, ст. 126; №7, ст. 399; №12, ст. 640; 2007 г., №7, ст. 665; 2008 г., №1, ч. 1, ст. 3; №6, ст. 444; ст. 447; №10, ст. 803; №12, ч. 1, ст. 986, №12, ч. 2, ст. 992; 2009 г., № 3, ст. 80; №7-8, ст. 501; 2010 г., № 3, ст. 155; №7, ст. 550; 2011 г., №3, ст. 161; №7-8, ст. 605; 2012 г., №4, ст. 258; №7, ст. 694; 2013 г., №6, ст. 403; ст. 404; Закон Республики Таджикистан от 12 ноября 2013 года, №1028), следующие изменения и дополнения:

1. Дополнить Кодекс статьей 130(2) следующего содержания: "Статья 130(2). Использование рабского труда

1) Использование труда человека, в отношении которого осуществляются полномочия, присущие праву собственности, в случае, если лицо по не зависящим от него причинам не может отказаться от выполнения работ (услуг),

наказывается лишением свободы на срок до пяти лет.

2) То же деяние, совершенное:

а) в отношении двух или более лиц;

б) в отношении инвалидов;

в) в отношении заведомо для виновного беременной женщины или несовершеннолетнего лица;

г) группой лиц по предварительному сговору;

д) лицом с использованием своего служебного положения;

е) с применением шантажа, насилия или с угрозой его применения;

ж) с изъятием, сокрытием или уничтожением документов, подтверждающих личность потерпевшего,- наказывается лишением свободы на срок от пяти до восьми лет.

3) Деяния, предусмотренные частями первой или второй настоящей статьи, если они:

...