ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ИНТИХОБОТИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 декабри соли 1999 "Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №12, мод. 296; с. 2004, №7, мод. 451; с. 2007, №5, мод. 352; с. 2008, №10, мод. 797; с. 2012, №8, мод. 811) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Моддаи 1(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 1(1). Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.".
2. Дар қисми дуюми моддаи 4, бандҳои 1) ва 14) моддаи 12, қисмҳои дуюм, панҷум ва ҳаштуми моддаи 21, қисми чоруми моддаи 48, қисми сеюми моддаи 54 ва қисми дуюми моддаи 55 калимаи "ҷумҳурӣ" ба калимаҳои "Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.
3. Дар моддаи 9:
- дар сархати шашуми қисми шашум калимаи "маҳаллӣ" ба калимаҳои "шаҳрак ва деҳот" иваз карда шавад;
- ба қисми ҳафтум баъд аз калимаҳои "зиёд мебошад," калимаҳои "бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд.
4. Дар моддаи 10:
- дар қисми дуюм калимаҳои "худидораи маҳаллӣ" ба калимаҳои "худидоракунии шаҳрак ва деҳот" иваз карда шаванд;
- дар қисми сеюм калимаҳои "меъёрию ҳуқуқии Тоҷикистон" ба калимаҳои "меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
5. Дар банди 10) моддаи 12 калимаҳои "мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия, мақомоти худидораи маҳаллӣ" ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" иваз карда шаванд.
6. Қисми сеюми моддаи 13 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
...