ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ИЛМ ВА СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ИЛМУ ТЕХНИКА"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 "Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1998, №10, мод.94; с.2004, №5, мод.336; с.2007, №7, мод.697; с.2008, №12, қ.2, мод.1011; с 2013, №7, мод. 535) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 2:
- дар сархати даҳум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шавад;
- сархатҳои ёздаҳум, дувоздаҳум ва сездаҳум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"- Кодекси намунавии одоби илмӣ - маҷмӯи муназзами қоидаву меъёрҳои рафтор, ақидаву принсипҳои ахлоқии ташкили фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи таҳқиқоти илмӣ танзим менамояд;
- одоби илмӣ - меъёру қоидаҳои ахлоқии аз ҷониби ҷомеаи илмии ҷаҳонӣ муқаррар ва эътирофшудаи корманди илмӣ (муҳаққиқ);
- рафтори ношоями илмӣ - амали ношоистаи корманди илмӣ, ҳамчун сохтакории маълумот, қасдан таҳриф кардани ҳақиқат, азхудкунии муаллифӣ (асардуздӣ), инчунин харидан ва фурӯхтани таҳқиқоти илмӣ (рисолаҳои илмӣ, лоиҳаҳои дипломӣ, хатмкунӣ ва курсӣ) бо мақсади минбаъд дифои ошкорои он аз номи худ.".
2. Боби 3(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"БОБИ 3(1). АСОСҲОИ АХЛОҚИИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ
Моддаи 10(1). Принсипҳои ахлоқии фаъолияти илмӣ
Принсипҳои ахлоқии фаъолияти илмие, ки дар ҷараёни таҳқиқот аз ҷониби давлат дастгирӣ карда мешаванд, инҳоянд:
- қобили қабул будани танқид ва мубоҳиса, муносибати боэҳтиромона нисбат ба муноқиз (оппонент), роҳбари илмӣ ва унвонҷӯ;
- арзёбии ҳақиқати ақидаҳои илмӣ новобаста ба синну сол, ҷинс, нажод ва нуфузу унвонҳои корманди илмии ин ақидаҳоро асосноккунанда;
...