Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2013 № 1030 "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикстон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикстон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, №5, мод.348; с.2005, №3, мод.120; с.2006, №7, мод.343; с.2007, №6, мод.433; с.2008, №1, қ.2, мод.14; №6, мод.457; №10, мод.816; с.2009, №3, мод.78; №5, мод.326; №9-10, мод.544; с.2010, №12, қ.1, мод.821; с.2012, №12, қ.1, мод.1005; с.2013, №3, мод.193) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 9:

- ба қисми 2 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад: "Ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳие, ки барои гирифтани иҷозатнома талаб карда мешаванд, мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" дода мешаванд.";

- ба қисми 3 баъд аз калимаҳои "Қонуни мазкур" калимаҳои ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" илова карда шаванд.

2. Ба сархати панҷоҳу чоруми моддаи 17 баъд аз калима ва аломати қавси пӯшида "қиматбаҳо)" калимаҳои ", ба истиснои фаъолияти истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ" илова карда шаванд.

3. Ба сархати шашуми қисми 1 моддаи 18 баъд аз калимаи "зеризаминӣ" калимаҳои ", ба истиснои фаъолияти истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ" илова карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

12 ноябри соли 2013 № 1030

ш.Душанбе

12 ноябри соли 2013 № 1030

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ЛИЦЕНЗИРОВАНИИ ОТДЕЛЬНЫХ ВИДОВ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 17 мая 2004 года "О лицензировании отдельных видов деятельности" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2004 г., №5, ст.348; 2005 г., №3, ст.120; 2006 г., №7, ст.343; 2007 г., №6, ст.433; 2008 г., №1, ч.2э ст.14; №6, ст.457; №10, ст.816; 2009 г., №3. ст.78; №5, ст.326; №9-10, ст.544; 2010 г., №12, ч.1, ст.821; 2012 г., №12, ч.1, ст.1005; 2013 г., №3, ст.193) следующие дополнения:

1. В статье 9:

- часть 2 дополнить вторым предложением следующего содержания: "Разрешительные документы, которые требуются для получения лицензии, выдаются в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О разрешительной системе.";

- часть 3 после слов "настоящим Законом" дополнить словами ", Законом Республики Таджикистан "О разрешительной системе".

2. Абзац пятьдесят четвертый статьи 17 после слова и знака закрытой скобки "камнями)" дополнить словами ", за исключением деятельности по добыче полезных рассыпных ископаемых старательским и вольноприносительским способом".

3. Абзац шестой части 1 статьи 18 после слова "недр" дополнить словами ", за исключением деятельности по добыче полезных рассыпных ископаемых старательским и вольноприносительским способом".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                                          Эмомали Рахмон

Президент

Республики Таджикистан                                          Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

 от 12 ноября 2013 года, № 1030

г. Душанбе,

 от 12 ноября 2013 года, № 1030

...