Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2013 № 1028 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон "

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул карда шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №9, мод. 68; мод. 69; №22, мод. 306; с. 1999, №12, мод. 316; с. 2001, №4, мод. 149; мод. 167; с. 2002, №11, мод. 675; мод. 750; с. 2003, №8, мод. 456; мод. 468; с. 2004, №5, мод. 346; №7, мод. 452; мод. 453; с. 2005, №3, мод. 126; №7, мод. 399; №12, мод. 640; с. 2007, №7, мод. 665; с. 2008, №1, қ. 1, мод. 3; №6, мод. 444; мод. 447; №10, мод. 803; №12, қ. 1, мод. 986; №12, қ. 2, мод. 992; с. 2009, №3, мод. 80; №7-8, мод. 501; с. 2010, №3, мод. 155; №7, мод. 550; с. 2011, №3, мод. 161; №7-8, мод. 605; с. 2012, №4, мод. 258; №7, мод. 694; с. 2013, №6, мод. 403; мод. 404), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар диспозитсияи қисми 1 моддаи 179(2) калимаҳои "барои таъминоти молиявии террорист ё ташкилоти террористӣ" хориҷ карда шуда, баъд аз калимаҳои "ё бо дарки он ки ин воситаҳо" калимаҳои "аз ҷониби террористи алоҳида ё гурӯҳи (ташкилоти) террористӣ ё бо мақсади таъминоти молиявии террористи алоҳида ё гурӯҳи (ташкилоти) террористӣ ё" илова карда шаванд.

2. Дар диспозитисияи қисми 1 моддаи 262 калимаҳои "дар содир намудани ҷиноят" ба калимаҳои "дар содир намудани ҷинояти асосӣ" иваз карда шаванд.

3. Дар моддаи 319:

- дар диспозитсияи қисми 1 баъд аз калимаҳои "шахси мансабдор" калимаҳои ", шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ" илова карда шуда, калимаҳои "он", "мансабиаш" ва "метавонад" мувофиқан ба калимаҳои "онҳо", "мансабиашон" ва "метавонанд" иваз карда шаванд;

- ба диспозитсияи қисми 2 баъд аз калимаҳои "шахси мансабдор" калимаҳои ", шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ" илова карда шаванд;

- ба эзоҳ бандҳои 3) ва 4) бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"3) Таҳти мафҳуми шахси мансабдори давлати хориҷӣ дар моддаҳои 319-321 Кодекси мазкур шахси дар мақомоти қонунгузор, иҷроия, маъмурӣ ё судии давлати хориҷӣ ягон мансабро ишғолнамуда (интихобгардида ё таъингардида) ва дигар шахсе, ки барои ин мақомоти давлати хориҷӣ ягон функсияи давлатиро иҷро менамояд, фаҳмида мешавад.

4) Таҳти мафҳуми шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ хизматчии ташкилоти байналмилалӣ ё дигар шахсе, ки ваколатдор аст аз номи ин ташкилот фаъолият намояд, фаҳмида мешавад.".

4. Дар моддаи 320:

- ба диспозитсияи қисми 1 баъд аз калимаҳои "шахси мансабдор" калимаҳои ", шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ" илова карда шаванд;

- дар диспозитсияи қисми 2 баъд аз калимаҳои "шахси мансабдор" калимаҳои ", шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ" илова карда шуда, калимаҳои "аз ҷониби ӯ" ба калимаҳои "аз ҷониби онҳо" иваз карда шаванд;

- ба бандҳои 1) ва 2) эзоҳи модда баъд аз калимаҳои "шахси мансабдор" калимаҳои ", шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ" илова карда шаванд;

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В УГОЛОВНЫЙ КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Статья 1. Внести в Уголовный кодекс Республики Таджикистан, принятый Законом Республики Таджикистан от 21 мая 1998 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1998 г., №9, ст. 68; ст. 69; №22, ст. 306; 1999 г., №12, ст. 316; 2001 г., №4, ст. 149; ст. 167; 2002 г., №11, ст. 675; ст. 750; 2003 г., №8, ст. 456; ст. 468; 2004 г., №5, ст. 346; №7, ст. 452; ст. 453; 2005 г., №3, ст. 126; №7, ст. 399; №12, ст. 640; 2007 г., №7, ст. 665; 2008 г., №1, ч. 1, ст. 3; №6, ст. 444; ст. 447; №10, ст. 803; №12, ч. 1, ст. 986; №12, ч. 2, ст. 992; 2009 г., №3, ст. 80; №7-8, ст. 501; 2010 г., №3, ст. 155; №7, ст. 550; 2011 г., №3, ст. 161; №7-8, ст. 605; 2012 г., №4, ст. 258; №7, ст.694; 2013 г., №6, ст. 403; ст. 404), следующие изменения и дополнения:

1. В диспозиции части 1 статьи 179(2) слова "финансового обеспечения террориста или террорстической организации" исключить, слова "с целью, чтобы они полностью или частично использовались, или при осознании того, что они будут использованы" заменить словами "чтобы они полностью или частично использовались или при осознании того, что они будут использованы отдельным террористом или террористической группой (организацией), или с целью финансового обеспечения отдельного террориста или террористической группы (организации) или".

2. В диспозиции части 1 статьи 262 слова "совершении преступления" заменить словами "совершении основного преступления".

3. В статье 319:

- в диспозиции части 1 после слов "должностным лицом" дополнить словами ", должностным лицом иностранного государства либо должностным лицом международной организации" и слова "оно" и "может" заменить соответственно словами "они" и "могут";

- диспозицию части 2 после слов "должностным лицом" дополнить словами ", должностным лицом иностранного государства либо должностным лицом международной организации";

- примечание дополнить пунктами 3) и 4) следующего содержания:

"3) Под понятием должностного лица иностранного государства в статьях 319-321 настоящего Кодекса понимается любое лицо, занимающее (назначаемое или избираемое) какую-либо должность в законодательном, исполнительном, административном или судебном органах, и другое лицо, выполняющее какую-либо государственную функцию для этих органов иностранного государства.

4) Под должностным лицом международной организации понимается служащий международной организации или другое лицо, которое уполномочено действовать от имени этой организации.".

4. В статье 320:

- диспозицию части 1 после слов "должностному лицу" дополнить словами ", должностному лицу иностранного государства либо должностному лицу международной организации";

- в диспозиции части 2 после слов "должностному лицу" дополнить словами ", должностному лица иностранного государства либо должностному лицу международной организации" и слова "совершение им" заменить словами "совершение ими".

- пункт 1) примечания статьи после слов "должностного лица" дополнить словами ", должностного лица иностранного государства либо должностного лица международной организации";

...