ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ. 1, мод. 989; мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321; №9-10, мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2; мод. 5; №3, мод. 153; №7, мод. 547; №12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, №6, мод. 430; мод. 431; №7-8, мод. 610; №12, мод. 838; с. 2012, №4, мод. 256; №7, мод. 685; мод. 693; №8, мод. 814; №12, қ. 1, мод. 1004), тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 3:
- дар сархати чорум аломати нуқта вергул ";" ба аломати нуқта иваз карда шавад;
- сархатҳои панҷум, шашум ва ҳафтум хориҷ карда шаванд.
2. Моддаи 4 ва қисми 4 моддаи 5 хориҷ карда шаванд.
3. Аз моддаи 6 калимаҳои ", демократизм, эҳтимолияти бегуноҳӣ ва ошкорбаёнӣ" хориҷ карда шаванд.
4. Моддаҳои 13, 14 ва 15 хориҷ карда шаванд.
5. Дар қисми 1 моддаи 42 калимаи "яроқи" ба калимаи "силоҳи" иваз карда шавад.
6. Аз санксияи моддаи 314 калимаҳои "ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба мӯҳлати се моҳ" хориҷ карда шаванд.
7. Дар моддаи 318:
- аз санксияи қисми 1 калимаҳои "ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба мӯҳлати аз се то шаш моҳ" хориҷ карда шаванд;
- аз санксияи қисми 2 калимаҳои "ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба мӯҳлати аз шаш моҳ то як сол" хориҷ карда шаванд.
8. Аз санксияи қисми 2 моддаи 324 калимаҳои "ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба мӯҳлати аз се то шаш моҳ" хориҷ карда шаванд.
...