ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул карда шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №9, мод. 68; мод. 69; №22, мод. 306; с. 1999, №12, мод. 316; с. 2001, №4, мод. 149; мод. 167; с. 2002, №11, мод. 675; мод. 750; с. 2003, №8, мод. 456; мод. 468; с. 2004, №5, мод. 346; №7, мод. 452; мод. 453; с. 2005, №3, мод. 126; №7, мод. 399; №12, мод. 640; с. 2007, №7, мод. 665; с. 2008, №1, қ. 1, мод.3; №6, мод. 444; мод. 447; №10, мод. 803; №12, қ. 1, мод. 986; №12, қ. 2, мод. 992; с. 2009, №3, мод. 80; №7-8, мод. 501; с. 2010, №3, мод. 155; №7, мод. 550; с. 2011, №3, мод. 161; №7-8, мод. 605; с. 2012, №4, мод. 258; №7, мод. 694), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 2 моддаи 23, банди л) қисми 1 моддаи 62, банди г) қисми 2 моддаи 130, банди г) қисми 2 моддаи 131, банди д) қисми 3 моддаи 138, қисми 1 ва банди б) қисми 3 моддаи 179 ва қисми 1 моддаи 179(1) калимаҳои "яроқ", "яроқи" ва "яроқнок" мутобиқан ба калимаҳои "силоҳ", "силоҳи" ва "мусаллаҳ" иваз карда шаванд.
2. Ба диспозитсияи қисми 1 моддаи 179(2) пас аз калимаҳои "истифодаи онҳо" калимаҳои "барои таъминоти молиявии террорист ё ташкилоти террористӣ" илова карда шаванд.
3. Дар моддаи 180:
- матни модда қисми 1 ҳисобида шавад;
- қисми 2 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"2) Кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, ки аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зарар ба саломатӣ ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.".
4. Дар банди г) қисми 2 моддаи 181, банди г) қисми 2 моддаи 182, банди в) қисми 2 моддаи 183, банди г) қисми 3 моддаи 184 ва банди г) қисми 5 моддаи 184(1) калимаи "яроқ" ба калимаи "силоҳ" иваз карда шавад.
5. Дар қисми 4 моддаи 184(2):
- ба банди б) пас аз калимаҳои "бо маслиҳати пешакӣ" калимаҳои "ё гурӯҳи муташаккил" илова карда шаванд;
- банди г) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"г) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошанд;";
...