ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ИХТИРОЪ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2004 "Дар бораи ихтироъ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №2, мод. 49) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон навишта шавад.
2. Номи боби 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ".
3. Сархатҳои моддаи 1 бо аломати дефис "-" ишора карда шаванд.
4. Дар қисми якуми моддаи 3, матни моддаи 4, қисми дуюми моддаи 13, қисми дуюми моддаи 15, қисми ҳафтуми моддаи 17, номи боби 6, моддаҳои 19, 20, 21, 23, қисми дуюми моддаи 39 ва моддаи 40 калимаҳои "санҷиши", "Санҷиши", "САНҶИШИ", "санҷише" ва "санҷиш" мувофиқан ба калимаҳои "экспертизаи", "Экспертизаи", "ЭКСПЕРТИЗАИ", "экспертизае" ва "экспертиза" иваз карда шаванд.
5. Дар қисми сеюми моддаи 5 калимаи "қонунгузорӣ" ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.
6. Дар қисми сеюми моддаи 10 калимаҳои "дар суд дида баромада мешавад" ба калимаҳои "бо тартиби судӣ ҳал карда мешавад" иваз карда шаванд.
7. Дар ҷумлаи дуюми қисми шашуми моддаи 27 калимаҳои "ҳуҷҷати ҳифозатӣ" ба калимаҳои "ҳуҷҷати муҳофизатӣ" иваз карда шаванд.
8. Дар қисми чоруми моддаи 28 калимаҳои "дар ҳолати вазъиятҳои фавқулодда" ба калимаҳои "дар мавриди ҳолатҳои фавқулодда" иваз карда шаванд.
9. Дар моддаи 29:
- дар қисми якум калимаҳои "ин Қонун" ба калимаҳои "Қонуни мазкур" иваз карда шаванд;
- аз сархати дуюми қисми дуюм калимаи "додани" хориҷ карда шавад.
...