ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ИҶОЗАТНОМАДИҲӣ БА БАЪЗЕ НАМУДҲОИ ФАЪОЛИЯТ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, №5, мод. 348; с.2005, №3, мод.120; с.2006, №7, мод.343; с.2007, №6, мод.433; с.2008, №1, қ.2, мод.14; №6, мод.457; №10, мод.816; с.2009, №3, мод.78; №5, мод.326; №9-10, мод.544; с.2010, №12, қ.1, мод.821; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2012, №911) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Сархати панҷоҳу якуми моддаи 17 хориҷ карда шавад.
2. Ба қисми 1 моддаи 18 сархати чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- фаъолият оид ба истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи маҳсулоти тамоку;".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
19 марти соли 2013, № 950
ш. Душанбе,
19 марти соли 2013, № 950
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият"
...