ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ СИЛОҲ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №3, мод. .182; с. 2014, №7, к, 2, мод. 402)
(Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1105, аз 8.08.2015 № 1217)
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба гардиши силоҳи ғайринизомӣ, хизматӣ, ҷангӣ, ҳамчунин лавозимоти ҷангиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, ба ҳимояи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, моликият, таъмини амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табиӣ, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии силоҳ равона карда шудааст.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
1. Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- силоҳ - васила ва ашёе, ки амалан барои зарба задан ба ҳадафи зинда ва ё нишони дигар, додани ишораҳо (сигналҳо) таъин шудаанд;
- силоҳи оташфишон - силоҳе, ки барои бо гулӯлаи аз ҳисоби кулоҳаки (заряди) борут ё кулоҳаки дигар ҳаракати самтнокгирифта ба тарзи механикӣ аз масофа ба ҳадаф зарба задан таъин шудааст;
- қисмҳои асосии силоҳи оташфишон - мил, кулангдон, тирдон, чаҳорчӯба, қуттии мил;
- силоҳи шикории оташфишони муштарак - силоҳи шикории оташфишоне, ки дорои ду ва ё зиёда аз он милҳои гуногун буда, яке аз онҳо ва ё ҳамаи онҳо рахпеч ва ивазшаванда мебошанд;
- силоҳи ҳаводиҳанда - силоҳе, ки барои бо гулӯлаи аз ҳисоби қувваи мушакҳои инсон ва ё василаи механикӣ ҳаракати самтнокгирифта аз масофа ба ҳадаф зарба задан таъин шудааст;
- силоҳи ишоракунанда - силоҳе, ки амалан барои додани ишораҳои (сигналҳои) чароғӣ, дудӣ ё овозӣ таъин шудааст;
...