Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2012, № 906 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ГУМРУКИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, №12, қ.2, мод.703; мод.704; с.2006, №3, мод.159; с.2007, №7, мод.681; с.2008, №6, мод.459; с.2008, №10, мод.818; с.2011, №3, мод.160; №6, мод.458; с.2012, №4, мод.250; №7, мод.695; мод.724; №8, мод.818), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар қисми 1 моддаи 10:

- дар банди 38) аломати нуқта ба аломати нуқта вергул ";" иваз карда шавад;

- банди 39) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"39) Мамнӯият ва маҳдудиятҳо - чораҳои ҳимояи манфиати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар савдои хориҷӣ, воридоти мол ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, содироти он аз ин қаламрав, аз ҷумла системаи чораҳои назорати содирот, тасдиқи мутобиқат ба стандартҳо ва талабот оид ба бехатарии мол, аз ҷумла регламентҳои техникӣ, талаботи байторӣ, фитосанитарӣ, карантинӣ, санитарию эпидемиологӣ, фармасевтӣ ва радиатсионӣ, инчунин сертификати мутобиқат, ки мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва (ё) санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон муқаррар гардидаанд.".

2. Банди 3) қисми 3 моддаи 80 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"3) агар нисбати мол ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи риояи маҳдудиятҳо мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати интиқоли ин мол тавассути қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда бошанд;".

3. Қисми 5 моддаи 131 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"5. Декларатсияи гумрукӣ ба мақоми гумрук бояд ҳамзамон бо ҳуҷҷатҳое пешниҳод гардад, ки дар асоси онҳо декларатсияи гумрукӣ пур карда шудааст. Ба ин гуна ҳуҷҷатҳо мансубанд:

1) ҳуҷҷатҳое, ки ваколатҳои шахси пешниҳодкунандаи декларатсияи гумрукиро тасдиқ менамоянд;

2) шартномаҳои хариду фурӯши байналмилалӣ ё дигар шартномаҳое, ки ҳангоми анҷоми аҳдҳои иқтисодии хориҷӣ баста шудаанд, дар мавриди аҳдҳои яктарафаи иқтисодии хориҷӣ бошад, ҳуҷҷатҳои дигаре, ки мазмуни ин гуна аҳдҳоро ифода мекунанд, инчунин ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ;

3) ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ (марбут ба ҳамлу нақл);

4) ҳуҷҷатҳое, ки риояи мамнӯият ва маҳдудиятҳоро тасдиқ менамоянд;

...

ЗАКОН

РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ТАМОЖЕННЫЙ КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Статья 1. Внести в Таможенный кодекс Республики Таджикистан, принятый Законом Республики Таджикистан от 3 декабря 2004 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2004 г., №12, ч.2, ст.703, ст.704; 2006 г., №3, ст.159; 2007 г., №7, ст.681; 2008 г., №6, ст.459; 2008 г., №10, ст.818; 2011 г., №3, ст.160; №6, ст.458; 2012 г., №4, ст.250; №7, ст.695; ст.724; №8, ст.818), следующие изменения и дополнения:

1. В части 1 статьи 10:

-в пункте 38) знак точки заменить знаком точки с запятой ";";

- дополнить пунктом 39) следующего содержания:

"39) Запреты и ограничения - меры по защите экономических интересов Республики Таджикистан при осуществлении внешней торговли, при ввозе товаров на таможенную территорию Республики Таджикистан, их вывозе с этой территории, включая систему мер экспортного контроля, подтверждение соответствия стандартам и требованиям по безопасности товаров, в том числе техническим регламентам, ветеринарным, фитосанитарным, карантинным, санитарно-эпидемиологическим, фармацевтическим и радиационным требованиям, а также сертификат соответствия, установленным в соответствии с требованиями нормативных правовых актов и (или) международными правовыми актами, признанными Таджикистаном.".

2. Пункт 3) части 3 статьи 80 изложить в следующей редакции:

"3) если в отношении товаров представлены документы, подтверждающие соблюдение ограничений в соответствии с нормативными правовыми актами Республики Таджикистан при перемещении этих товаров по таможенной территории Республики Таджикистан;".

3. Часть 5 статьи 131 изложить в следующей редакции:

"5. Подача таможенной декларации должна сопровождаться представлением таможенному органу документов, на основании которых заполнена таможенная декларация. К таким документам относятся:

1) документы, подтверждающие полномочия лица, подающего таможенную декларацию;

2) договоры международной купли - продажи или иные договоры, заключенные при совершении внешнеэкономической сделки, а в случае совершения односторонних внешнеэкономических сделок - иные документы, выражающие содержание таких сделок, а также коммерческие документы;

3) транспортные (перевозочные) документы;

...