Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2012, № 911 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ИҶОЗАТНОМАДИҲӣ БА БАЪЗЕ НАМУДҲОИ ФАЪОЛИЯТ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, №5, мод.348; с. 2005, №3, мод.120; с. 2006, №7, мод.343; с. 2007, №6, мод.433; с. 2008, №1,қ.2, мод. 14; №6, мод. 457; №10, мод. 816; с. 2009, №3, мод.78; №5, мод.326; №9-10, мод.544; с. 2010, №12, қ. 1, мод. 821) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба моддаи 5 сархати нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- амали иҷозатнома барои фаъолият оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминиро дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Қонун боздорад ва бекор намояд;".

2. Дар қисми 1 моддаи 10 калимаи "фармони" ба калимаҳои "санади дахлдори" иваз карда шавад.

3. Моддаи 10(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Моддаи 10(1).Қарор дар бораи додан ё надодани иҷозатнома аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Қарор дар бораи додани иҷозатнома барои фаъолияте, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми иҷозатномадиҳанда тибқи муқаррароти Қонуни мазкур ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият дода мешавад, бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда мешавад.

2. Дар фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба додани иҷозатнома инҳо нишон дода мешаванд:

- мӯҳлати амали иҷозатнома;

- шарт ва талаботи иҷозатномадиҳӣ;

- мӯҳлати пешниҳоди иҷозатнома барои имзо;

- муайян намудани шахси мансабдори ваколатдор ҷиҳати аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонидани иҷозатнома;

- ӯҳдадории бастани созишномаи сармоягузорӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ;

...

ЗАКОН

РЕПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ЛИЦЕНЗИРОВАНИИ ОТДЕЛЬНЫХ ВИДОВ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 17 мая 2004 года "О лицензировании отдельных видов деятельности" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2004 г., №5, ст.348;2005 г., №3, ст.120; 2006 г., №7, ст.343; 2007 г., №6, ст.433; 2008 г., №1, ч. 2, ст. 14; №6, ст.457; №10, ст.816; 2009 г., №3, ст.78; №5, ст.326; №9-10, ст. 544; 2010 г.,№12, ч.1, ст.821) следующие изменения и дополнения:

1. Статью 5 дополнить новым абзацем следующего содержания:

"- в случаях, предусмотренных настоящим Законом, приостанавливать и аннулировить действие лицензии на деятельность по использованию недр;".

2. В части 1 статьи 10 слово "приказом" заменить словами "соответствующим актом".

3. Дополнить статьёй 10 (1) следующего содержания:

"Статья 10 (1). Решение о предоставлении или об отказе в предоставлении лицензии со стороны Правительства Республики Таджикистан

1. Решение о предоставлении лицензии на деятельность, которая предоставляется Правительством Республики Таджикистан в качестве органа, выдающего лицензии согласно положениям настоящего Закона и Положению об особенностях лицензирования отдельных видов деятельности, оформляется распоряжением Правительства Республики Таджикистан.

2. В распоряжении Правительства Республики Таджикистан о предоставлении лицензии отражается:

- срок действия лицензии;

- условия и требования лицензирования;

- срок представления лицензии для подписания;

- определение уполномоченного должностного лица для подписания лицензии от имени Правительства Республики Таджикистан;

...