ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ. 1, мод. 989; мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321; №9-10, мод. 543; с. 2010, № 1, мод. 2; мод. 5; №3, мод. 153; №7, мод. 547; №12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, №6, мод. 430; мод. 431; №7-8, мод. 610; №12, мод. 838; с. 2012, №4, мод. 256; №7, мод. 685; мод. 693; №8, мод. 814), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми 1 моддаи 22 пас аз калимаҳои "шахси воқеӣ," калимаҳои "соҳибкори инфиродӣ, шахсони" илова карда шаванд.
2. Моддаи 29 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 29. Ҷавобгарии маъмурии шахси мансабдор, шахси ба ӯ баробаркардашуда ва соҳибкори инфиродӣ
1. Шахси мансабдор барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо сабаби иҷро накардан ва ё номатлуб иҷро кардани ӯҳдадориҳои хизматиаш ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад. Ҳангоми мавҷуд набудани ин ҳолатҳо шахси мансабдоре, ки дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳгор аст, тибқи асосҳои умумӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
2. Таҳти мафҳуми шахси мансабдор мувофиқи Кодекси мазкур шахсе фаҳмида мешавад, ки ба таври доимӣ, муваққатӣ ё дар асоси ваколатҳои махсус вазифаҳои намояндаи ҳокимияти давлатиро анҷом медиҳад, яъне бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба шахсоне, ки тобеияти хизматӣ надоранд, ваколатҳои амрдиҳӣ дорад, инчунин шахсе фаҳмида мешавад, ки дар мақомоти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар воҳидҳои ҳарбӣ ва махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои ташкилию амрдиҳӣ ва маъмурию хоҷагиро иҷро менамояд.
3. Роҳбарон ва кормандони ташкилотҳо, ки дар робита ба иҷрои вазифаҳои ташкилию амрдиҳӣ ва маъмурию хоҷагӣ ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир намудаанд, ҳамчун шахсони мансабдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд, агар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар нашуда бошад.
4. Соҳибкорони инфиродӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бинобар сабаби иҷро накардан ва ё номатлуб иҷро кардани ӯҳдадориҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.
5. Таҳти мафҳуми соҳибкори инфиродӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси воқеие фаҳмида мешавад, ки фаъолияти соҳибкориро бе таъсис додани шахси ҳуқуқӣ тибқи патент ё шаҳодатнома амалӣ менамояд.".
3. Дар моддаи 34 калимаҳои "шахсони воқеӣ," ба калимаҳои "шахси воқеӣ, соҳибкори инфиродӣ, шахсони" иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 39:
- қисмҳои 3 ва 4 дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
"3. Андозаи ҳадди ақалли ҷаримаи маъмурӣ, ки аз шахси воқеӣ ва соҳибкори инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамояд ситонида мешавад, бояд аз як нишондиҳанда барои ҳисобҳо, шахси мансабдор аз се нишондиҳанда барои ҳисобҳо, соҳибкори инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамояд ва шахси ҳуқуқӣ аз даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо кам набошад.
...