Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2012, № 874 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ГУМРУКИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, №12, қ. 2, мод. 703; мод.704; с. 2006, №3, мод. 159; с. 2007, №7, мод. 681; с. 2008, №6, мод.459; №10, мод. 818; с. 2011, №3, мод.160; №6, мод.458; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2012, №800), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба моддаи 9 қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"5. Маълумоти махфӣ оид ба амалиёти воридотию содиротии мушаххаси фаъолияти иқтисодии хориҷӣ танҳо ба суд ва мақомоти тафтишоти пешакӣ вобаста ба тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ пешниҳод карда мешавад.".

2. Ба қисми 1 моддаи 10 бандҳои 35), 36), 37) ва 38) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"35) молҳои қалбакӣ - молҳои дорои объектҳои моликияти зеҳнии бо вайрон намудани ҳуқуқҳои соҳибҳуқуқ тайёргардида ва (ё) аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолшавандае, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз мешаванд;

36) соҳибҳуқуқ - шахсе, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ҳуқуқи истисноӣ ба объекти моликияти зеҳнӣ мебошад;

37) боздошти иҷозат - дар сурати ҷой доштани шубҳа оид ба қалбакӣ будани молҳо аз ҷониби мақомоти гумрук тамдид гардидани мӯҳлати қабули қарор дар бораи иҷозати онҳо, ки мутобиқи низоми интихобгардидаи гумрукӣ интиқол дода мешаванд;

38) феҳристи гумрукии объектҳои моликияти зеҳнӣ - номгӯи молҳои дорои объектҳои моликияти зеҳнии мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзшаванда.".

3. Дар моддаи 359:

- матни модда қисми 1 ҳисобида шавад;

- ба модда қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"2. Мақомоти гумрук ҳуқуқ надоранд аз шахсони хориҷӣ бе розигии онҳо пешниҳоди ҳуҷҷатҳоро барои тасдиқи арзиши гумрукӣ тибқи усули муайян намудани арзиши гумрукӣ дар асоси ҷамъи арзиш талаб намоянд. Маълумот ва ҳуҷҷатҳое, ки истеҳсолкунанда пешниҳод намудааст ё аз номи вай пешниҳод шудаанд, мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон метавонанд аз тарафи мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди санҷиш қарор дода шаванд.".

4. Ба банди 6) қисми 1 моддаи 490 баъд аз калимаҳои "Аълочии хадамоти гумрук" калимаҳои "ва медалҳои хадамоти гумрук" илова карда шаванд.

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЯ И ДОПОЛНЕНИЙ В ТАМОЖЕННЫЙ КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Статья 1. Внести в Таможенный кодекс Республики Таджикистан, принятый Законом Республики Таджикистан от 3 декабря 2004 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2004 г. №12, ч. 2, ст. 703; ст. 704; 2006 г., №3, ст. 159; 2007 г., №7, ст.681; 2008, №6, ст.459; 2008г., №10, ст.818; 2011 г. , №3, ст. 160; №6 ст.458; Закон Республики Таджикистан от 16 апреля 2012 года, №800), следующие изменения и дополнения:

1. Статью 9 дополнить частью 5 следующего содержания:

"5. Конфиденциальная информация относительно экспортноимпортных операций конкретных субъектов внешнеэкономической деятельности представляется только судам и органам предварительного следствия в связи с расследованием уголовных дел.".

2.Часть 1 статьи 10 дополнить пунктами 35), 36), 37) и 38) следующего содержания:

Таджикистан.".

"35) контрафактные товары - товары, содержащие объекты интеллектуальной собственности, произведённые с нарушением прав правообладателя и (или) перемещаемые через таможенную границу, охраняемые в соответствии с законодательством Республики Таджикистан;

36) правообладатель - лицо, обладающее исключительными правами на объект интеллектуальной собственности в соответствии с законодательством Республики Таджикистан;

37) приостановление выпуска - продление таможенными органами срока принятия решения о пропуске товаров, перемещаемых через таможенную границу Республики Таджикистан в соответствии с избранным таможенным режимом, при наличии подозрения в том, что они являются контрафактными;

38) таможенный реестр объектов интеллектуальной собственности перечень товаров, содержащих объекты интеллектуальной собственности, охраняемые в соответствии с законодательством Республики

2. В статье 359:

- текст статьи считать частью 1;

- статью дополнить частью 2 следующего содержания:

"2. Таможенные органы не вправе требовать от иностранных лиц без их согласия представления документов для подтверждения таможенной стоимости согласно метода определения таможенной стоимости на основе сложения стоимости. Проверка документов и сведений, представленных производителем или от его имени, в соответствии с международными правовыми актами, признанными Таджикистаном, может производиться таможенными органами Республики Таджикистан.".

...