Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2012, № 844 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №9, мод. 68; мод. 69; №22, мод. 306; с. 1999, №12, мод. 316; с. 2001, №4, мод. 149; мод. 167; с. 2002, №11, мод. 675; мод. 750; с. 2003, №8, мод. 456; мод. 468; с. 2004, №5, мод. 346; №7, мод. 452; мод. 453; с. 2005, №3, мод. 126; №7, мод. 399; №12, мод. 640; с. 2007, №7, мод. 665; с. 2008, №1, қ. 1, мод. 3; №6, мод. 444; мод. 447; №10, мод. 803; №12, қ. 1, мод. 986; №12, қ. 2, мод. 992; с. 2009, №3, мод. 80; №7-8, мод. 501; с. 2010, №3, мод. 155; №7, мод. 550; с. 2011, №3, мод. 161; №7-8, мод. 605; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2012, №808), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Моддаҳои 135 ва 136 хориҷ карда шаванд.

2. Моддаи 156 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 156. Вайрон кардани ҳуқуқҳои муаллифӣ ва ҳуқуқҳои вобаста ба он

1) Азхудкунии муаллифӣ (асардуздӣ), ҳамчунин ба ҳаммуаллифӣ маҷбур кардан, агар ин кирдорҳо ба муаллиф ё дигар соҳибҳуқуқ ба миқдори калон зарар расонида бошанд,

бо ҷарима ба андозаи то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Истифодаи ғайриқонунии объектҳои ҳуқуқи муаллифӣ ё ҳуқуқҳои вобаста ба он, ҳамчунин ба даст овардан, нигоҳ доштан, интиқол додан ё фиристодани нусхаҳои ғайриқонунии асар ё фонограммаҳо бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, агар ин кирдорҳо ба миқдори калон зарар расонида бошанд,

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешаванд.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисми дуюми хамин модда, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

б) бо расонидани зарар ба миқдори махсусан калон;

в) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ содир шуда бошанд,-

бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешаванд.

...

3АКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В УГОЛОВНЫЙ КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Статья 1. Внести в Уголовный кодекс Республики Таджикистан, принятый Законом Республики Таджикистан от 21 мая 1998 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан 1998 г., №9, ст. 68; ст. 69; №22, ст. 306; 1999 г., №12, ст. 316; 2001 г., №4, ст. 149; ст. 167; 2002 г., №11, ст. 675; ст. 750; 2003 г., №8, ст. 456; ст. 468; 2004 г., №5, ст. 346; №7, ст. 452; ст. 453; 2005 г., №3, ст. 126; №7, ст. 399; №12, ст. 640; 2007 г., №7, ст. 665; 2008 г., №1, ч. 1, ст. 3; №6, ст. 444; ст. 447; №10, ст. 803; №12, ч. 1, ст. 986; №12, ч. 2, ст. 992; 2009 г., №3, ст. 80; №7-8, ст. 501; 2010 г., №3, ст. 155; №7, ст. 550; 2011 г., №3, ст. 161; №7-8, ст. 605; Закон Республики Таджикистан от 16 апреля 2012 года, № 808), следующие изменения и дополнения:

1. Статьи 135 и 136 исключить.

2. Статью 156 изложить в следующей редакции:

"Статья 156. Нарушение авторских и смежных прав

1) Присвоение авторства (плагиат), а также принуждение к соавторству, если эти деяния причинили автору или другому правообладателю крупный ущерб,

- наказываются штрафом в размере до двухсот показателей для расчётов либо исправительными работами сроком до двух лет.

2) Незаконное использование объектов авторского права или смежных прав, а также приобретение, хранение, и транспортировка или пересылка незаконных копий произведений или фонограмм с целью сбыта, если эти деяния причинили крупный ущерб,

- наказываются штрафом в размере от двухсот пятидесяти до трехсот шестидесяти пяти показателей для расчётов либо лишением свободы сроком до двух лет.

3) Деяния, предусмотренные частью второй настоящей статьи, если они совершены:

а) группой лиц по предварительному сговору или организованной группой;

б) с причинением ущерба в особо крупном размере;

в) лицом с использованием своего служебного положения, - наказываются штрафом в размере от трехсот шестидесяти пяти до девятисот двенадцати показателей для расчётов либо лишением свободы сроком от двух до пяти лет.

Примечание: В статьях 156 и 156 (1) настоящего Кодекса под крупным ущербом понимается ущерб, превышающий размер показателя для расчетов в пятьсот раз, и под особо крупным ущербом понимается ущерб, превышающий размер показателя для расчетов в две тысячи раз.".

...