Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2012, № 843 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ.1, мод. 989; мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321; №9-10, мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2; мод. 5, №3, мод. 153; №7, мод. 547; №12, қ.1, мод. 812; с. 2011, №6, мод. 430; мод. 431; №7-8, мод. 610; №12, мод. 838; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2012, №806), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар қисми 3 моддаи 39 ва санксияи қисми 1 моддаи 340 калимаи "нисфи" ба калимаи "ҳаштяки" иваз карда шавад.

2. Дар моддаи 474:

- дар ном ва матни модда калимаи "ташкилотҳои" ба калимаи "иттиҳодияҳои" иваз карда шавад;

- дар сархати чоруми қисми 1 аломатҳои вергул ва дефис ", -" ба аломати нуқта вергул ";" иваз карда шаванд;

- ба қисми 1 сархати панҷӯм бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- содир намудани кирдорҳое, ки аз доираи мақсад ва вазифаҳои дар оинномаи (низомномаи) иттиҳодияҳои динӣ муайяншуда барнамеоянд,-".

3. Ба Кодекс моддаҳои 474(2), 474(3) ва 474(4) бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"Моддаи 474(2). Риоя накардани тартиби гирифтани таълими динии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар

Барои риоя накардани тартиби гирифтани таълими динии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар,

ба андозаи аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

Моддаи 474(3). Фаъолияти таблиғотӣ ва маърифатии иттиҳодияҳои динӣ

Барои ба роҳ мондани фаъолияти таблиғотӣ ва маърифатии иттиҳодияҳои динӣ дар муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ, инчунин дар манзили истиқоматии шаҳрвандон,

...

3АКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН ОБ АДМИНИСТРАТИВНЫХ ПРАВОНАРУШЕНИЯХ

Статья 1. Внести в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях, принятый Законом Республики Таджикистан от 31 декабря 2008 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008 г., №12, ч.1, ст. 989; ст. 990; 2009 г., №5, ст. 321; №9-10, ст. 543; 2010 г., №1, ст. 2; ст. 5, №3, ст. 153; №7, ст. 547; №12, ч.1, ст. 812; 2011г., №6, ст.430; ст.431; №7-8, ст.610; №12, ст.838; Закон Республики Таджикистан от 16 апреля 2012 года, №806), следующие изменения и дополнения:

1. В части 3 статьи 39 и санкции части 1 статьи 340 слово "половины" заменить соответственно словами "одной восьмой" и "одной восьми".

2. В статье 474:

- в названии и тексте статьи слово "организациях" заменить словом "объединениях";

- в четвёртом абзаце части 1 знаки запятую и дефис ", -" заменить знаком точки с запятой ";";

- часть 1 дополнить пятым абзацем следующего содержания:

"- совершение действий, выходящих за пределы целей и задач, определенных уставом (положением) религиозных объединений,-".

3. Кодекс дополнить статьями 474 (2), 474 (3) и 474 (4) следующего содержания:

"Статья 474 (2). Нарушение порядка получения религиозного образования гражданами Республики Таджикистан в зарубежных странах

Нарушение порядка получения религиозного образования гражданами Республики Таджикистан в зарубежных странах,

- влечет наложение штрафа в размере от пятидесяти до ста показателей для расчетов.

Статья 474 (3). Проповедческая и просветительская деятельность религиозных объединений

Осуществление проповедческой и просветительской деятельности религиозных объединений в учреждениях дошкольного, общего среднего, начального профессионального, среднего профессионального и высшего профессионального образования, а также в жилых домах граждан,

...