ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ЗАНБӯРИАСАЛПАРВАРӢ
Қонуни мазкур муносибатҳоро дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти занбӯриасалпарварӣ, ҳифз, истифода ва афзоиши оилаҳои занбӯри асал, самаранок истифода бурдани онҳо барои гардолуд кардани растаниҳои энтомофилӣ, фароҳам овардани шароит барои афзун гардонидани маҳсулоти занбӯри асал, инчунин зироаткорӣ, таъмини кафолатҳои риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба занбӯриасалпарварӣ машғуланд, танзим менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- занбӯриасалпарварӣ - парвариш, ҳифз ва нигаҳдории занбӯри асал, ки истифодаи он барои гардолуд намудани растаниҳои энтомофилӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии онҳо, гирифтани маҳсулоти занбӯри асал равона шудааст;
- занбӯрпарвар - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ба занбӯриасалпарварӣ машғул мебошад;
- оилаи занбӯри асал - воҳиди томи биологӣ, ки аз занбӯрони корӣ, нарзанбӯрон ва модарзанбӯр иборат буда, дар як қуттии занбӯри асал ё лона сукунат доранд;
- модарзанбӯр - занбӯри модинае, ки оилаҳои занбӯри асалро афзун мегардонад;
- селаи занбӯри асал - оилаи нави занбӯри асал, ки аз оилаи асосии занбӯри асал пайдо шуда, аз он ҳангоми оилаҷудокунии табиӣ мустақилона берун шудааст;
- гурӯҳи занбӯри асал - маҷмӯи оилаҳои занбӯри асал дар доираи зоти занбӯри асал, ки дар ҳудуди муайян ташаккул ёфта, ирсияти умумӣ дорад;
- қуттии занбӯри асал - ҷиҳоз барои нигоҳдории оилаи занбӯри асал;
- занбӯрҷой - мавзеи муайяне, ки қуттиҳо бо оилаҳои занбӯри асал ва таҷҳизоти барои занбӯриасалпарварӣ зарур дар он ҷойгир карда шудаанд;
...