Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2012, № 808 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №9, мод. 68; мод. 69; №22, мод. 306; с. 1999, №12, мод. 316; с. 2001, №4, мод. 149; мод. 167; с. 2002, №11, мод. 675; мод. 750; с. 2003, №8, мод. 456; мод. 468; с. 2004, №5, мод. 346; №7, мод. 452; мод. 453; с. 2005, №3, мод. 126; №7, мод. 399; №12, мод. 640; с. 2007, №7, мод. 665; с. 2008, №1, қ. 1, мод.З; №6, мод. 444; мод. 447; №10, мод. 803; №12, қ. 1, мод. 986; №12, қ. 2, мод. 992; с. 2009, №3, мод. 80; №7-8, мод. 501; с. 2010, №3, мод. 155; №7, мод. 550; с. 2011, №3, мод. 161; №7-8, мод. 605), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 117:

- дар қисми 2:

- банди ж) хориҷ карда шавад;

- банди з) банди ж) ҳисобида шавад;

- эзоҳи модда хориҷ карда шавад.

2. Ба Кодекс моддаи 143(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 143(1). Шиканҷа

1) Қасдан расонидани азобу уқубати ҷисмонӣ ва (ё) рӯҳӣ, ки аз ҷониби шахсе, ки таҳқиқ ё тафтишоти пешакӣ мегузаронад ё шахси мансабдори дигар ё бо таҳрики онҳо ё розигии хомӯшонаи онҳо ё бо огоҳӣ доштани онҳо аз ҷониби шахси дигар, бо мақсади аз шахси таҳти шиканҷа қарордошта ё шахси сеюм гирифтани маълумот ё иқроршавӣ ё ҷазо додани ӯ барои ҳаракате, ки содир намудааст ё дар содир намудани он гумонбар шудааст, инчунин тарсонидан ё маҷбур кардани ӯ ё шахси сеюм ё бо сабаби дигаре, ки ба ҳар гуна табъиз (дискриминатсия) асос ёфтааст, содир шудааст,-

бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В УГОЛОВНЫЙ КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Статья 1. Внести в Уголовный кодекс Республики Таджикистан, принятый Законом Республики Таджикистан от 21 мая 1998 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1998 г., № 9, ст. 68; ст. 69; №22, ст. 306; 1999 г., № 12, ст. 316; 2001 г., № 4, ст. 149; ст. 167; 2002 г., № 11, ст. 675; ст. 750; 2003 г., №8, ст.456; ст. 468; 2004 г., №5, ст. 346; №7, ст. 452; ст. 453; 2005 г., №3, ст. 126; №7, ст. 399; № 12, ст. 640; 2007 г., №7, ст. 665; 2008 г., №1, ч.1, ст. 3; №6, ст. 444; ст. 447; №10, ст. 803; №12, ч.1, ст. 986; №12, ч.2, ст. 992; 2009 г., №3, ст. 80; №7-8, ст.501; 2010 г., №3, ст.155; №7, ст. 550; 2011г., №3, ст. 161; №7-8, ст. 605), следующие изменения и дополнения:

1. В статье 117:

- в части 2:

- пункт ж) исключить;

- пункт з) считать пунктом ж);

- примечание статьи исключить.

2. Дополнить Кодекс статьей 143(1) следующего содержания:

"Статья 143(1). Пытки

1) Умышленное причинение физических и (или) психических страданий, совершенное лицом, производящим дознание или предварительное следствие, или иным должностным лицом либо с их подстрекательства, или с молчаливого согласия либо с их ведома другим лицом с целью получить от пытаемого или третьего лица сведения или признания или наказать его за действие, которое совершило оно или в совершении которого оно подозревается, а также запугать или принудить его или третье лицо или по другой причине, основанной на дискриминации любого характера,

- наказывается штрафом в размере от трехсот шестидесяти пяти до девятисот двенадцати показателей для расчетов или лишением права занимать определенные должности или заниматься определенной деятельностью сроком до пяти лет, или лишением свободы на срок от двух до пяти лет с лишением права занимать определенные должности или заниматься определенной деятельностью на срок до трех лет.

2) То же деяние, если оно совершено:

а) повторно;

б) группой лиц по предварительному сговору;

...