ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ РЕКЛАМА"
Моддаи 1. Ба қисми якуми моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2003 "Дар бораи реклама" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2003, №8, мод. 457; с.2007, №6, мод. 432; с.2008, №10, мод. 824) пас аз калимаҳои "хусусияти фаҳшдошта," калимаҳои "ғизои кӯдакон ва шишачаҳои ширмакконӣ (шишачаҳои ширдӯшӣ), маккаку пистонак," илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
26 декабри соли 2011 № 779
ш.Душанбе
26 декабри соли 2011 № 779
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи реклама"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи реклама" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Зуҳуров
...