Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2011 № 774 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321; №9-10, мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2, мод. 5; с. 2010, №3, мод. 153; №7, мод. 547; №12 қ. 1, мод. 812; соли 2011, №6, мод. 430; мод. 431; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011, №756), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 486:

- дар номи модда калимаҳои "бақайдгирӣ, кушодан ва истифодаи" ба калимаҳои "пешбурди фаъолияти" иваз карда шаванд;

- дар қисми 1 калимаҳои "бақайдгирӣ, кушодани" ба калимаҳои "пешбурди фаъолияти" иваз карда шаванд.".

2. Ба моддаи 504 пас аз калимаҳои "Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои ", ба истиснои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" илова карда шаванд.

3. Моддаи 601 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 601. Риоя накардани мӯҳлати муқарраршудаи пешниҳоди эъломияҳо ва ҳисоботи андоз

1. Барои риоя накардани мӯҳлати муқарраршудаи пешниҳоди эъломияҳои андоз, ҳисоботи андоз ва (ё) дигар намудҳои ҳисоботи марбут ба андоз, яъне ба таъхир гузоштан дар муддати то 10 рӯзи корӣ, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то се, ба соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони мансабдор аз панҷ то ҳафт, ба шахсони ҳуқуқӣ аз даҳ то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

2. Барои содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда дар муддати аз 10 то 30 рӯзи корӣ,

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ, ба соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони мансабдор аз ҳафт то даҳ, ба шахсони ҳуқуқӣ аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

3. Барои содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда дар муддати зиёда аз 30 рӯзи корӣ,

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони мансабдор аз даҳ то сӣ, ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".

4. Дар моддаи 603:

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН ОБ АДМИНИСТРАТИВНЫХ ПРАВОНАРУШЕНИЯХ

Статья 1. Внести в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях, принятый Законом Республики Таджикистан от 31 декабря 2008 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008 г., №12, ч.1, ст. 989; ст. 990; 2009 г., №5, ст. 321, №9-10, ст. 543; 2010 г., № 1, ст. 2; ст. 5; 2010 г., №3, ст. 153, №7, ст. 547, №12, ч.1, ст. 812; 2011 г., №6, ст. 430; ст. 431; Закон Республики Таджикистан от 2 августа 2011 г., №756), следующие изменения и дополнения:

1. В названии и части 1 статьи 486 слова "регистрации, открытия и использования" заменить словами "осуществления деятельности".

2. Статью 504 после слов "Республики Таджикистан," дополнить словами "за исключением Закона Республики Таджикистан "О государственной регистрации юридических лиц и индивидуальных предпринимателей,".

3. Статью 601 изложить в следующей редакции:

"Статья 601. Несоблюдение установленных сроков представления деклараций и налоговых отчетов

1. Несоблюдение установленных сроков представления налоговых деклараций, отчетов по налогам и других видов налоговой отчетности, то есть задержка в течение до 10 рабочих дней,-

влечет наложение штрафа на физических лиц в размере от одного до трёх, на индивидуальных предпринимателей и должностных лицот пяти до семи, на юридические лица - от десяти до тридцати показателей для расчетов.

2. Совершение действия, предусмотренного частью первой настоящей статьи, в течение от 10 до 30 рабочих дней,-

влечет наложение штрафа на физических лиц в размере от трех до пяти, на индивидуальных предпринимателей и должностных лиц - от семи до десяти, на юридические лица - от тридцати до пятидесяти показателей для расчетов.

3. Совершение действия, предусмотренного частью первой настоящей статьи, в течение более 30 рабочих дней,-

влечет наложение штрафа на физических лиц в размере от пяти до десяти, на индивидуальных предпринимателей и должностных лиц - от десяти до тридцати, на юридические лица - от пятидесяти до ста показателей для расчетов.".

4. В статье 603:

- часть 1 после слов "до 30 дней" дополнить словами ", за исключением лиц, подпадающих под действие Закона Республики Таджикистан "О государственной регистрации юридических лиц и индивидуальных предпринимателей";

...