Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2011 № 718 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайроикунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОИКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, ЛГо5, мод. 321; №9-10, мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2, мод. 5; №3, мод. 153; №7, мод. 547; №12, қ. 1, мод. 812), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 8:

- қисми 3 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"3. Шахси мансабдор ва шахси ба ӯ баробаркардашуда, сарфи назар аз иҷрои ваколатҳои хизматӣ ва мансаби ишғолкардаашон, барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.";

- қисмҳои 3, 4 ва- 5 мутаносибан қисмҳои 4, 5 ва 6 ҳисобида шаванд.

2. Ба қисми 1 моддаи 12 баъд аз калимаҳои "шахси воқеӣ" калимаи ", мансабдор" илова карда шавад.

3. Дар қисми 2 моддаи 115, қисми 3 моддаи 287, дар ном ва матни моддаҳои 297, 300 ва дар матни моддаи 301 калимаҳои "нақлиёти ҳавоӣ" ба калимаи "ҳавопаймо" иваз карда шаванд.

4. Дар санксияи моддаи 295 калимаи "тайёраҳои" ба калимаи "ҳавопаймоҳои" иваз карда шавад.

5. Дар қисмҳои 1 ва 3 моддаи 296, ном ва матни моддаҳои 298, 299, матни моддаҳои 302, 754 калимаҳои "киштиҳои ҳавоӣ" ва "киштии ҳавоӣ" мутаносибан ба калимаҳои "ҳавопаймоҳо" ва "ҳавопаймо" иваз карда шаванд.

6. Ба Кодекс моддаи 534(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 534(1). Монеъ шудан ба фаъолияти қонунии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Барои дахолат кардан ба фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъсир расондан ба қарорҳои ӯ,

ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН ОБ АДМИНИСТРАТИВНЫХ ПРАВОНАРУШЕНИЯХ

Статья 1. Внести в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях, принятый Законом Республики Таджикистан от 31 декабря 2008 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008 г., №12, ч. 1, ст. 989, ст. 990; 2009 г., №5, ст. 321; №9-10, ст. 543; 2010 г., №1, ст. 2, ст. 5; №3, ст. 153; №7, ст. 547; №12, ч. 1, ст. 812), следующие изменения и дополнения:

1. В статье 8:

- дополнить частью 3 следующего содержания:

"3. Должностное лицо и приравненное к нему лицо, независимо от исполнения служебных полномочий и занимаемой должности, привлекаются к административной ответственности за совершение административных правонарушений.";

- части 3, 4 и 5 соответственно считать частями 4, 5 и 6.

2.Часть 1 статьи 12 после слова "физическому" дополнить словом ", должностному".

3. Кодекс дополнить статьей 534(1) следующего содержания:

"Статья 534(1). Воспрепятствование законной деятельности Уполномоченного по правам человека в Республике Таджикистан

1. Вмешательство в деятельность Уполномоченного по правам человека в Республике Таджикистан с целью оказания влияния на его решения,-

влечет наложение штрафа в размере от десяти до двадцати показателей для расчетов.

2. Неисполнение со стороны должностных лиц законных требований Уполномоченного по правам человека, а также неисполнение должностными лицами обязанностей, установленных Законом Республики Таджикистан "Об Уполномоченном по правам человека в Республике Таджикистан",-

влечет наложение штрафа в размере от тридцати до пятидесяти показателей для расчетов.

3. Воспрепятствование законной деятельности Уполномоченного по правам человека в Республике Таджикистан в другой форме,-

...