Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2011 № 717 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ. 1, мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321; №9-10, мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2; мод. 5; №3, мод. 153; №7, мод.547; №12, қ. 1, мод. 812), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар қисми 3 моддаи 28 калимаҳои "Комиссияи кор бо ноболиғон" ба калимаҳои "Комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак" иваз карда шаванд.

2. Дар моддаи 33:

- ба қисми 1 пас аз калимаҳои "гузашта бошад," калимаҳои "ба истиснои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда, " илова карда шаванд;

- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"2. Агар аз рӯзи содир шудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии зерин шаш моҳ гузашта бошад, шахе ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида намешавад:

- вобаста ба ҳифзи саломатӣ, вазъи санитарию эпидемиологии аҳолӣ;

- дар соҳаи ҳифзи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;

- дар соҳаи истифодаи замин;

- дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ;

- вобаста ба қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ (хуқуқвайронкуниҳои маъмурие, ки боиси расонидани зарари сабук ба саломатии ҷабрдида гардидаанд);

- дар соҳаи моликияти зеҳнӣ;

- дар соҳаи энергетика ва истифодаи захираҳои энергетикӣ;

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН ОБ АДМИНИСТРАТИВНЫХ ПРАВОНАРУШЕНИЯХ

Статья 1. Внести в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях, принятый Законом Республики Таджикистан от 31 декабря 2008 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008г., №12, ч. 1, ст. 990; 2009г., №5, ст. 321; №9-10, ст. 543; 2010г., №1, ст. 2, ст. 5; №3, ст. 153; №7, ст. 547; №12, ч.1, ст.812), следующие изменения и дополнения:

1. В части 3 статьи 28 слова "комиссию по делам несовершеннолетних" заменить словами "Комиссию по защите прав ребёнка".

2. В статье 33:

- часть 1 после слов "три месяца" дополнить словами ", за исключением административных правонарушений, предусмотренных частью 2 настоящей статьи";

- дополнить частью 2 следующего содержания:

"2. Лицо не может быть привлечено к административной ответственности, если прошло шесть месяцев со дня совершения следующих административных правонарушений:

- связанных с охраной здоровья, санитарно-эпидемиологической безопасностью населения;

- в области охраны труда и социальной защиты населения;

- в области землепользования;

- в области охраны окружающей среды и использования природных ресурсов;

- связанных с нарушением правил дорожного движения (административных правонарушений, повлекших причинение легкого вреда здоровью потерпевшего);

- в области интеллектуальной собственности;

- в области энергетики и использования энергетических ресурсов;

...