Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2011 № 734 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фарҳанг"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1997 "Дар бораи фарҳанг" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, №23-24, мод.352; с. 2001, №4, мод. 143; с.2003, №12, мод.691; с.2008, №10, мод.819; с.2009, №7-8, мод.499) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд: 1. Ба Қонун моддаи 1(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 1(1). Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- фарҳанг - маҷмӯи арзишҳои моддию маънавие, ки инсоният онҳоро офарида, бо мақсади рушди маънавии шахс истифода мебарад;

- фаъолияти эҷодӣ - фаъолияте, ки ба офаридани арзишҳои фарҳангӣ алоқаманд аст;

- мероси фарҳангӣ - маҷмӯи арзишҳои фарҳангӣ, ки дорои аҳамияти миллию давлатӣ буда, моликияти истисноии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд;

- мероси ғайримоддии фарҳангӣ - анъана ва воситаҳои шифоҳии ифода, аз ҷумла забон, урфу одат, маросиму ҷашнҳо, донишу малакаҳои ба табиату сайёра ва ҳунарҳои анъанавӣ вобаста, инчунин ашёву воситаҳои иҷрои онҳо;

- муассисаи фарҳангӣ - шахси ҳуқуқие, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, самти асосии фаъолияти он ба соҳаи фарҳанг алоқаманд аст;

- корманди соҳаи фарҳанг - шахси воқеие, ки фаъолияти он ба ҳифз, рушд, интишору истифодаи арзишҳои фарҳангӣ ва ҷалби шаҳрвандон ба ин арзишҳо алоқаманд аст;

- фаъолияти фарҳангӣ - фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба эҷод, истеҳсол, эҳё, ҳифз, рушд, интишор ва истифодабарии арзишҳои фарҳангӣ марбут аст;

- мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг - мақомоти давлатие, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи фарҳанг амалӣ менамояд;

- сарватҳои фарҳангӣ - воситаҳои моддию маънавии дорои хусусиятҳои дунявию динӣ ва дигар арзишҳо, ки аҳамияти таърихӣ, илмию бадеӣ ва фарҳангӣ доранд;

- мероси фарҳанги миллӣ - арзишҳои фарҳангие, ки дорои аҳамияти таърихию фарҳангӣ буда, ба Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ворид карда шудаанд;

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О КУЛЬТУРЕ"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 13 декабря 1997 года "О культуре" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1997 г., №23-24, ст.352; 2001 г., №4, ст. 143; 2003 г., №12, ст. 691; 2008 г., №10, ст.819; 2009 г., №7-8, ст.499) следующие изменения и дополнения:

1. Закон дополнить статьей 1(1) следующего содержания:

"Статья 1(1). Основные понятия

В настоящем Законе используются следующие основные понятия:

- культура - совокупность материальных и духовных ценностей, создаваемых человечеством и используемых в целях духовного развития личности;

- творческая деятельность - деятельность, связанная с созданием культурных ценностей;

- культурное наследие - совокупность культурных ценностей, имеющих национальное и государственное значение и являющихся исключительной собственностью Республики Таджикистан;

- нематериальное культурное наследие - традиции и устные средства выражения, в том числе язык, обычаи, обряды и торжества, знания и навыки, связанные с природой, планетой и традиционными ремеслами, а также средства и предметы исполнения;

- культурное учреждение - юридическое лицо, созданное в соответствии с законодательством Республики Таджикистан, основное направление деятельности которого связано со сферой культуры;

- работник сферы культуры - физическое лицо, деятельность которого связана с охраной, развитием, изданием и использованием культурных ценностей и привлечением граждан к этим ценностям;

- культурная деятельность - деятельность физических и юридических лиц, связанная с созданием, производством, восстановлением, охраной, развитием, изданием и использованием культурных ценностей;

- уполномоченный государственный орган в сфере культуры - государственный орган, осуществляющий государственную политику в сфере культуры;

- культурные ценности - материальные и духовные средства, имеющие светские и религиозные особенности и другие ценности, имеющие историческое, научное, художественное и культурное значение;

...