ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТАРТИБ ВА ШАРОИТИ ДАР ҲАБС НИГОҲ ДОШТАНИ ГУМОНБАРШУДА, АЙБДОРШАВАНДА ВА СУДШАВАНДА
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №6, мод. 433; с. 2013, №12, мод. 883; с. 2016, №3, мод. 135, №5, мод. 363; с. 2020, №1, мод. 12)
(Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1039, аз 15.03.2016 № 1282, аз 14.05.2016 № 1312, аз 2.01.2020 № 1665, аз 29.01.2021 № 1758)
Қонуни мазкур тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандаро танзим намуда, кафолати ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳоро муайян менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- гумонбаршуда - шахсе, ки нисбат ба ӯ бо асос ва тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар гумонбар шуданаш дар содир намудани ҷиноят парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар ин бора ба ӯ муфаттиш ё таҳқиқбаранда хабар додааст ё ӯ дастгир карда шудааст ва ё дар ҳаққи ӯ то эълон кардани айб чораи пешгирӣ татбиқ карда шудааст;
- айбдоршаванда - шахсе, ки нисбат ба ӯ қарор дар бораи ба сифати айбдоршаванда ҷалб кардан бароварда шудааст;
- судшаванда - шахсе, ки нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноятӣ ба пешбурди суд қабул карда шудааст;
- изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) тафтишотӣ - изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии мақомоти адлия ва изолятори (тавқифгоҳи) тафтишотии мақомоти амнияти миллӣ;
- изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) нигоҳдории муваққатӣ - изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатии гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандаи мақомоти корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ, назорати маводи нашъаовар ва назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда
...