ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОИКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, ЛГо5, мод. 321; №9-10, мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2, мод. 5; №3, мод. 153; №7, мод. 547; №12, қ. 1, мод. 812), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 8:
- қисми 3 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"3. Шахси мансабдор ва шахси ба ӯ баробаркардашуда, сарфи назар аз иҷрои ваколатҳои хизматӣ ва мансаби ишғолкардаашон, барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.";
- қисмҳои 3, 4 ва- 5 мутаносибан қисмҳои 4, 5 ва 6 ҳисобида шаванд.
2. Ба қисми 1 моддаи 12 баъд аз калимаҳои "шахси воқеӣ" калимаи ", мансабдор" илова карда шавад.
3. Дар қисми 2 моддаи 115, қисми 3 моддаи 287, дар ном ва матни моддаҳои 297, 300 ва дар матни моддаи 301 калимаҳои "нақлиёти ҳавоӣ" ба калимаи "ҳавопаймо" иваз карда шаванд.
4. Дар санксияи моддаи 295 калимаи "тайёраҳои" ба калимаи "ҳавопаймоҳои" иваз карда шавад.
5. Дар қисмҳои 1 ва 3 моддаи 296, ном ва матни моддаҳои 298, 299, матни моддаҳои 302, 754 калимаҳои "киштиҳои ҳавоӣ" ва "киштии ҳавоӣ" мутаносибан ба калимаҳои "ҳавопаймоҳо" ва "ҳавопаймо" иваз карда шаванд.
6. Ба Кодекс моддаи 534(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 534(1). Монеъ шудан ба фаъолияти қонунии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Барои дахолат кардан ба фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъсир расондан ба қарорҳои ӯ,
ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
...