ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи яроқ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 1996 "Дар бораи яроқ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1996, №4, мод. 57; соли 2001, №4, мод. 152; соли 2003, №4, мод. 143; соли 2004, №12, қ. 1, мод. 695; соли 2005, №3, мод, 115; №12, мод. 645; соли 2006, №7, мод. 338) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар сархати шашуми моддаи 1, қисми чоруми моддаи 12 ва қисми дуюми моддаи 14 калимаҳои "Вазорати нигоҳдории тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд:
2. Қисми якуми моддаи 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Ба қатори яроқи ҷангӣ яроқе дохил мешавад, ки барои иҷрои вазифаҳои ҷангӣ ва оперативӣ-хизматӣ таъин гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусаллаҳ кардани Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъмини амволи махсуси назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қисмҳои ҳарбӣ (минбаъд - ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда) ва бонкҳо қабул карда шудааст".
3. Моддаи 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 9. Иҷозатномадиҳӣ барои фаъолият оид ба фурӯши яроқи ғайринизомӣ ва хизматӣ, қисмҳо ва лавозимоти он
Иҷозатномадиҳӣ барои фаъолият оид ба фурӯши яроқи ғайринизомӣ ва хизматӣ, қисмҳо ва лавозимоти он, тартиби бекор намудан ва боздоштани иҷозатнома тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" амалӣ гардонида мешавад".
4. Дар қисми ҳафтуми моддаи 13, қисми дуюми моддаи 17 ва қисми якуми моддаи 26 калимаҳои "иҷозати", "иҷозати дахлдори" ва "иҷозатномаи" мувофиқан ба калимаҳои "рухсатномаи", "рухсатномаи дахлдори" ва "иҷозати махсуси" иваз карда шаванд.
5. Моддаи 15 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 15. Тайёр кардани яроқ
Тайёр кардани яроқ, васл намудани қисмҳои он, аз нав сохтан ё таъмир кардани яроқ бо мақсади ба он баргардонидани хусусиятҳои зарбазанӣ, инчунин тайёр кардани лавозимоти ҷангиро дар бар мегирад, ки он бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад".
6. Дар моддаи 18:
қисми якуми модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
...