Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 феврали соли 2000 № 48
тасдиқ карда шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 феврали соли 2000 № 48
тасдиқ карда шудааст
Тартиб оиди гузаронидани амволи корхонаҳо ба реҷаи консерватсионӣ
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006 с. № 590)
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006 с. № 590)
1. Мақсади асосии гузаронидани амволи корхонаҳо ба реҷаи консерватсионӣ (воситаҳои асосӣ-фондҳо) аз иҷрои амалҳои зайл иборат аст:
а) таъмин намудани нигоҳубин ва қобилияти корӣ доштани воситаҳои асосӣ (фондҳо);
б) нархгузорӣ ба ҳолати воқеии воситаҳои асосии (фондҳо) корхонаҳо;
в) муқаррар намудани нишондодҳои бо эътимоди фаъолияти моливӣ-хоҷагӣ;
г) ба низомдарории масъалаҳои андозситонӣ аз амволҳо;
д) муайян намудани шарту шароитҳо барои ҳисобӣ кардани қисмҳои фарсудашудаи (амортизатсия) воситаҳои асосӣ ва ғайраҳо.
2. Ба реҷаи консерватсяи, он қисми амвол (объектҳои таъиноти истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ, баъзе аз иморатҳою иншоотҳо, сохтмонҳои интиқолӣ, таҷҳизотҳо, мошину олотҳои механизмӣ, сохтмонҳои нотамом ва дигар намуди воситаҳои асосӣ (фондҳо) гузаронида мешавад, ки онхо дар тарозномаи корхона истодаанду, дар раванди истеҳсолӣ ба натиҷаи фаъолияти молиявӣ - хоҷагӣ, чӣ ба воситаю чӣ бе восита, таъсири манфии худро расонидаанд.
...